Кейт Мандевиле: Беҳтарин лоиҳаи Бонки умумиҷаҳонӣ дар самти тандурустӣ амалӣ мегардад.

Кейт Мандевиле: Беҳтарин лоиҳаи Бонки умумиҷаҳонӣ дар самти тандурустӣ амалӣ мегардад.
Январ 28
07:22 2019

Ҳайати намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ, ки дар бахши тандурустӣ фаъолият доранд, сафари кории худро  ба анҷом расониданд. Дар анҷоми  сафари корӣ  намояндагони ин гурӯҳро бо сарварии хонум Кейт Мандевиле – вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ба ҳузур пазируфт. Роҳбари гурӯҳ хонум Кейт Мандевиле аз дастгириҳои  пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷӯҳи хосаи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самти истифодаи босамару шаффофи инвеститсияи хориҷӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр намуд, ки натиҷаҳои фаъолияти Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”-и назди вазоратро дар навоҳии кишвар ба хубӣ дидану ҳис кардан мумкин аст. “Амалишавии  ин Лоиҳа дар Тоҷикистон боиси қаноатмандии  маблағгузорон буда, мо дар навбати худ ин таҷрибаи Тоҷикистонро  барои дигар кишварҳо истифода хоҳем кард, зеро ин Лоиҳа аз уҳдаи тамоми вазифаҳои дарпешгузоштаи худ ба хубӣ баромада тавонист”- илова намуд хонум Кейт Мандевили.

Намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ роҳандозии механизми  маблағгузорӣ дар асоси натиҷаҳои фаъолиятро дар ноҳияҳои таҷрибаҷвии вилоятҳои Суғду Хатлон самарабахш арзёбӣ карда, идомаи ин равандро дар самти  иммунизатсияи аҳолӣ дар ҷумҳурӣ пешниҳод мекунанд.

Сифати корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизонидани муассисаҳои  навсохта бо дастгоҳҳои тиббиву ташхисӣ ва мебел низ боиси дастгириву қаноатмандии шарикони рушд буда, ин раванд дар ноҳияҳои таҷрибавӣ ва чанд ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома хоҳад ёфт.

Зимни сӯҳбат вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Насим Олимзода аз дастгириҳои Бонки умумиҷаҳонӣ ва саҳми сазовори онҳо дар ислоҳоти соҳаи тандурустӣ изҳори сипос намуда махсусан қайд кард, ки ҳифзи сиҳатии аҳолӣ пайваста мавриди таваҷҷӯҳи хосаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, фаъолияти хуби Лоиҳаҳо ва шарикони рушд аз сиёсати бобарори  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Бо пешниҳоди роҳбарияти вазорат  қарор дода шуд, ки Лоиҳаи мазкур бо  дастгирии Бонки умумиҷаҳонӣ фаъолияти худро дар самти дастгирии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома хоҳад дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 239
  • 212
  • 142,663