Конфронси асабшиносон

Май 15
08:16 2014

Имрӯз дар шаҳри Душанбе конфронси дуюми илмию амалии асабшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами асабшиносӣ» ба кори худ оғоз намуд. Дар кори конфронс 250 нафар мутахассисони ватанӣ ва 28 нафар меҳмонон аз хориҷи кишвар иштирок намуда сари масоили мубрами асабшиносӣ ва мушкилоту дурнамои ин соҳа ибрози андеша намуданд. Сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Раҳматулло Раҳмонов ба кори конфронс ҳусни ифтитоҳ бахшида,ҳамаи иштирокдоронро ба кори Дар ибтидо муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимов меҳмонони конфронсро ба сарзамини Тоҷиктстон хайра мақдам гуфта, ба кори конфронс муваффақият орзу кард. Ректори Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон Убайдулло Қурбонов иброз дошт, ки тамоми шароит барои таълим ва такмили донишу малака барои ҷавонон дар ин самт фароҳам оварда шудааст ва дар баробари ин дар доираи ҳамкориҳои судманд донишҷӯёну мутахассисон имкон доранд дар хориҷи кишвар донишу малакаи худро такмил диҳанд. Меҳмонон аз Федерация Россия, ҷумҳуриҳои Беларус , Қазоқистон, Қирғизистон ва намояндагони ширкатҳои дигар зимни сухани ифтитоҳӣ иброз доштанд, ки риштаи асабшиносӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад ва мутахассисони тоҷик метавонанд бо истифода аз технологияи муосир ва табодули таҷриба дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 60
  • 202
  • 118,569