«Корвони саломатӣ» ба зиёда аз 7 ҳазор сокинони шаҳри Қурғонтеппа хизмати ройгони тиббӣ расонид

Май 22
10:11 2017

20 майи соли равон  ҷиҳати таъмини сатҳи сиҳатии сокинон аз маризиву бемориҳои мухталиф  «Корвони саломатӣ»-и  навбатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон сафарбар гардид. «Корвони  саломатӣ» ба мардуми маҳаллӣ ва ноҳияҳои гирду атрофи он хизмати ройгони тиббӣ расонид.  Дар чорабинии мазкур беш аз  65 нафар мутахасисони ботаҷрибаи соҳа аз ҷумла; сармутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, устодони баландпояи муассисаҳои олии таълимии тиббӣ ҷалб гардиданд.

Дар рафти «Корвони  саломатӣ»  зиёда аз 7 ҳазор сокинон аз хизмати ройгони тиббӣ бархурдор гардиданд аз ҷумла ба 561 нафар ташхиси фаросавтӣ (УЗИ), 8 нафар компютери томографӣ,  14 нафар ЭХО-Доплер, 11 нафар ҷарроҳӣ, 413 нафар таҳлилҳои озмоишгоҳӣ, 32 нафар ташхиси даруннигарӣ (эндоскопия),  280 нафар сабти барқии дил, 220 нафар флюограф, 320 нафар таҳлили ВИЧ /спид , 3 нафар аробачаи маъюби, 28 нафар асобағал (асо барои нобиноён) ва 38 нафар рентген гузаронида шуд .. Бо  мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани хизматрасонии «Корвони саломатӣ»   мошинҳои  сайёри флюрографӣ, ташхиси ҷузъҳои хун, ташхиси ВНМО, ташхиси бемориҳои сироятӣ сафарбар карда шуданд.  Ҳамчунин мутахассисони  муассисаҳои марказӣ дастгоҳҳои ташхиси ултрасадо, сабти барқии кори дил, ташхиси гастроскопӣ, офталмологӣ,  гӯшу гулӯ ва бинӣ ва дигар асбобҳои заруриро шомили «Корвони саломатӣ» намуданд.  Дар доираи ин «Корвони саломатӣ» 8 нафар аз томографияи компютерӣ, 14 доплер,37 ташхиси ренгенӣ, 413 нафар аз таҳлилҳои лобораторӣ гузаронида шуд. Ба 8 нафар бемор амалиёти чарроҳӣ, аз чумла чарроҳиҳои бемориҳои саратон, бемориҳои дохилибатнӣ ва амалиётҳои чарроҳии занонаву кудакона гузарорида шуданд.

Хотиррасон менамоем, ки зимни гузаронидани «Корвони саломатӣ» дар баробари ташхису муоинаи сокинон ва мавриди ҷарроҳи қарор додани бархе аз маризон инчунин ба сокинон  маслиҳатҳои муфид аз ҷониби мутахасисони ботаҷрибаи соҳа дода шуд. Дар ин руз дар шаҳри Қурғонтеппа  тамоми ташхису маслиҳатдиҳӣ тарики ройгон сурат хоҳад гирифт.

Тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20  майи соли 2017 дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон бо ҷалби сармутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, устодони баландпояи муассисаҳои олии таълимии тиббӣ  чорабинии марказонидашудаи тиббию машваратӣ гузаронида шуд.

Бояд қайд кард, ки аз ҷониби мутахассисони алоқаманд ба 7000 муроҷиаткунанда хизматрасонии тиббӣ расонида шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


 border=
 border=

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 280
  • 616
  • 32,432