“Корвони саломатӣ” ба шаҳри Ваҳдат сафар кард

“Корвони саломатӣ”  ба шаҳри Ваҳдат сафар кард
Март 05
16:54 2019

Санаи 4 марти соли ҷорӣ “Корвони саломатӣ” таҳти шиори “Солимии модару кӯдак дар деҳот” дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти кишвар оғоз гардид. Ин чорабинӣ бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар доираи эълон шудани солҳои 2019-2021 “Соли рушди деҳот, ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ” баргузор гардида, дар марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои тиббии ноҳияҳои ҷумҳурӣ (марҳалаи якум) гузаронида мешавад.

Гурӯҳи хизматрасони тиббӣ аз ҳисоби кормандону мутаххасисони соҳибтахассуси соҳаи тандурустӣ ба деҳаҳои дурдасттарин рафта, бо баргузор намудани чорабинии “Корвони саломатӣ” ба мизоҷон хизматрасонии тиббии ройгон мерасонанд.

Ин навбат ҳайати табибон ба ҷамоати деҳоти Симиганҷ ва шаҳраки Нуъмон Розиқи шаҳри Ваҳдат сафар намуданд, ки ин имкон медиҳад аҳолӣ аз маҳалли худ берун нарафта, ташхису машварат гиранд.

“Чорабинии мазкур тибқи фармони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар  аз 25 феврали соли ҷорӣ таҳти №116 оид ба гузаронидани чорабинии марказонидашудаи иттилоотию ташхисӣ, яъне “Корвони саломатӣ” таҳти шиори “Солимии модару кӯдак дар деҳот” гузаронида шудааст. Мақсади асосии ин чорабинӣ баланд бардоштани маърифат ва маълумотнокии аҳолӣ, ҳар як аъзои оила оид ба аломатҳои хатари ҳомиладорӣ, нигоҳубини ғамхорона нисбат ба зани ҳомиладор ва кӯдаки навзод, саривақт ошкоркунии маризиҳои ҳомиладорӣ дар занон ва фарогирии онҳо ба табобат, пешгирии фавти модар ва кӯдак мебошад”- иброз дошт Дилбар Буракова, сардухтури Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат.

Ташкил ва баргузор намудани “Корвони саломатӣ” таҳти шиори “Солимии модару кӯдак дар деҳот” пеш аз ҳама барои баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ ва  бартараф намудани мушкилоти таваллуд амалӣ карда мешавад.

Дар рӯзи аввали баргузории чорабинӣ, ки дар ҷамоати деҳоти Симиганҷ ва шаҳраки Нуъмон Розиқ аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ваҳдат доир карда шуд,  зиёда аз 800 нафар аз хизмати тиббии ройгон бархӯрдор шуданд.

Дар ҳамин ҳол Шокирҷон Холов, менеҷери КАТС-и шаҳри Ваҳдат  мегӯяд, ҳамарӯза 4 гурӯҳи корӣ иборат аз мутахассисони соҳибтаҷриба аз ҳисоби табибони оилавӣ, табибони кӯдакона, табибони шуъбаҳои таваллуди Беморхонаи марказӣ, момодоя ва инчунин момодояҳои маркази солимии репродуктивӣ, ҳамзамон барои гузаронидани ташхиси ултрасадо, ташхиси сабти барқии дил ва озмоишгоҳҳо таъсис дода шудааст, ки дар 4 муассисаи деҳот, марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳи саломатӣ аз аҳолӣ дидан намуда, ташхису машварат ва маслиҳати ройгон анҷом медиҳанд.

 

Бояд гуфт, ки чорабинии мазкур давоми 4 рӯз баргузор гардида, бештари сокинон бо ин васила метавонанд ба хизмати тиббии ройгон дастрасӣ пайдо намоянд.

“Имрӯз ин маърака бо иштироки тамоми муассисони соҳавӣ, табибон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ, момодояҳои минтақавӣ, сардорони кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, сардорон ва машваратчиёни марказҳои саломатии репродуктивӣ гузаронида мешавад,”- таъкид намуд Дилбар Буракова.

Лозим ба ёдоварист, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат барои  беҳтару хубтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба сокинон давоми се соли охир зиёда аз 25 маркази саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии замонавиро бунёд ва мавриди истифода қарор додааст.

Дар идомаи корҳои бунёдкориву созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон шудани солҳои 2019-2021 “Соли рушди деҳот, ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ” соли ҷорӣ дар деҳаҳои дурдасттарини ҷамоати деҳоти Ромит боз 4 бунгоҳи тиббии замонавӣ сохта ба истифода дода хоҳад шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 160
  • 264
  • 211,295