«Корвони саломатӣ» ба шаҳри Кӯлоб омад

«Корвони саломатӣ» ба шаҳри Кӯлоб омад
Апрел 09
11:54 2019

8 апрели соли равон дар шаҳри Кӯлоб чорабинии тиббию машваратӣ -“Корвони саломатӣ” баргузор карда шуд. Бояд гуфт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо мақсади пешгирии беморшавии аҳолӣ ва баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа, дар доираи татбиқи ҳадафҳои бунёдии “Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023” ҳамасола чорабинии марказонидашудаи тиббиро таҳти унвони “Корвони саломатӣ” баргузор менамояд.

Дар чорабинии тиббӣ-машваратии дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардида бештар аз 120 нафар табибони соҳибтаҷриба, докторон ва номзадҳои илм, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ, сартабибони беморхонаҳои клиникии ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ба мардуми минтақаи Кӯлоб кӯмакҳои тиббӣ расониданд, ки шумораи муроҷиаткунандагон 7043 нафарро ташкил медод. Аз ҷумла дар доираи ин ҳамоиши тандурустӣ  ба 4904 нафар машварати тиббӣ дода, барои 2139 нафар амалиётҳои гуногуни муолиҷавӣ гузаронида шудааст. Масалан, 80 нафар кӯдак дар ин рӯз хатна карда шуда, ба 43 нафар калонсолон амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуд.

Дар доираи ин чорабинӣ ҷарроҳии чурраи модарзодии кӯдакон ба 6 нафар, ташхиси ВНМО ба 424 нафар,  ташхиси  флюорография ба 266 нафар,  хуни донорӣ ва таҳлили хун -8 нафар,  хун барои муайян намудани гурӯҳ- 70 нафар,  ташхиси ултрасадо (УЗИ) -730 нафар,  ташхиси диабети қанд- 203 нафар,  тиббӣ халқӣ  -267 нафар ва  ҷарроҳии чашм ба 11 нафар гузаронида шуда, инчунин  21 асо ва  10 аробачаи маъюбӣ ба эҳтиёҷмандон дода шуд.

Қудратулло Қурбонов, сардори Раёсати  ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорат мегӯяд, чорабиние, ки  имрӯз бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар доираи фарогирии миллии хизматрасонии тиббӣ ва бахшида ба Рӯзи байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид, аз лиҳози ҷанбаъҳои иҷтимоӣ як маъракаи хеле муфид ба шумор рафта, исботи он  аст, ки имрӯз тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

-Тавре маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон дар баробари дигар самтҳои муҳими хоҷагии халқ дар мавриди дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат ва муносибати табибон бо беморон таъкид намуданд. Чорабинии имрӯза шоҳиди он аст, ки  сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он, марказҳои саломатӣ ва муассисаҳои беморхонавӣ хеле саривақт ва самаранок амалӣ шуда истодааст. Аз рӯҳияи мардуме, ки ин ҷо муроҷиат карда истодаанд ва хизматрасонии хеле босифати табибон маълум мешавад, ки  соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ тадриҷан ба як марҳилаи хеле хуб ва самараноки худ расида истодааст ва боварӣ дорем, ки ҳисси масъулиятшиносии мардум дар ҳифзи солимии худ боз ҳам бештар хоҳад шуд.

Номбурда ба саволи мо дар мавриди он, ки чорабинии имрӯза то чӣ андоза барои баланд бардоштани маърифати тиббии мардум мусоидат мекунад, гуфт:

-Суханҳое, ки ин ҷо бо баландгӯяк садо дода ва он буклету китобчаҳое, ки  барои мардум ройгон дастрас карда шуда истодаанд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки  имрӯз маърифати  тиббии мардум нисбати дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ хеле беҳтар шудааст. Тавре мебинем, дар назди ҳар як табиб қариб 10 шаҳрванд барои маслиҳат дар навбат истодаанд ва ин гувоҳ аз он аст, ки мардум нисбати саломатии худ бетараф нестанд. Баргузории чунин чорабиниҳои густурдаи тандурустӣ баҳри баланд бардоштани маърифати тиббии шаҳрвандон саҳми бориз хоҳанд гузошт.

Директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Азимова аз ҷараёни баргузории чорабинии имрӯза изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт:

– Боиси сарфарозӣ ва хушнудист, ки сол то сол таваҷҷуҳи шаҳрвандони кишвар  нисбат ба саломатияшон меафзояд ва чорабинии имрӯза  далели ин гуфтаҳост. Тавре мебинем, мардум бо як дилгармӣ ва ҳавасмандӣ ба ин чорабинии саломатӣ ҳозир шуда, бо табибон суҳбат доранд. Фикр мекунам, баргузории чунин маъракаҳои васеи саломатӣ хеле манфиатовар буда, баҳри баланд бардоштани маърифати тиббии шаҳрвандон саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, имсол бори сеюм аст, ки дар чорабинии “Корвони саломатӣ” иштирок мекунад ва тӯли ин муддат мушоҳида намудааст, ки мардум ба табибони гастроэнтеролог бештар муроҷиат менамоянд:

-Дар рафти “Корвони саломатӣ” шаҳрвандон дар баробари муроҷиат ба дигар табибони соҳа, инчунин ба табибони гастроэнтеролог низ зиёд таваҷҷуҳ менамоянд. Дар навбати худ мо ба ҳар як нафари муроҷиаткунанда суҳбат гузаронида, дарди дилашонро мешунавем ва ба онҳо маслиҳат медиҳем.

Дар ҳамин ҳол Дилшод Саидбурҳонов, муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази  ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди  бемории ВНМО” андешаҳояшро бобати чорабинии мазкур ба мо чунин баён намуд:

-Яке аз тасмимҳои хеле хуби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки мунтазам амалӣ карда мешавад, ташкил ва баргузор намудани “Корвони саломатӣ” мебошад, ки он ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ доир гардида, ба мардум ба таври ройгон хизматрасониҳои тиббӣ расонида мешавад. Дар чорабинии имрӯза, ки дар шаҳри Кӯлоб мегузарад, тамоми хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ  ройгон  пешниҳод гардида истодаанд. Имрӯз тамоми мутахассисони ботаҷриба аз марказҳои зерсохтори вазорат ҷамъ омада, барои мардум хизматрасонии босифатро пешниҳод намуда истодаанд.

Бино ба андешаи ӯ, дар ин чорабинӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази  ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди  бемории ВНМО”  дармонгоҳи сайёр, ки  имкониятҳои хеле васеъ дорад, ба аҳолӣ хизмат расонида истодааст:

-Дармонгоҳи сайёр, ки аз се ҳуҷраи қабул иборат аст, дар он хизматрасониҳои  зерин, ба монанди табиби бемориҳои занона, табиби бемориҳои дарунӣ, табиби кӯдакона пешниҳод карда мешаванд. Инчунин, дар дармонгоҳи мазкур имконияти  ташхиси ултрасадоӣ, ташхиси барқии дил ва хизматрасониҳои лабараторӣ, аз ҷумла озмоиши вируси норасоии масунияти одам ба шаҳрвандон пешкаш карда мешаванд. Дар дармонгоҳи нобурда инчунин хизматрасониҳо ҷиҳати муайян намудани  бемориҳои занона ва ҳамчунин дастгоҳҳо барои муайян намудани бемориҳои чашм низ мавҷуданд, ки мутахассисон ба муроҷиаткунандагон хизмат расонида истодаанд,-афзуд ӯ.

Бояд қайд намуд, ки дар чорабинии имрӯза ҳам дар назди дармонгоҳи марказии шаҳр ва ҳам дар назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ чунин дармонгоҳҳои сайёр қарор дошта, ба шаҳрвандон хизмат расонида истодаанд.

Қобили зикр аст, ки “Корвони саломатӣ” то охири сол дар шаҳру навоҳии гуногуни кишвар низ баргузор хоҳад гашт.

[ot-gallery url=”http://moh.tj/gallery/%D0%BA%D0%BE%D1%80%D0%B2%D0%BE%D0%BD%D0%B8-%D1%81%D0%B0%D0%BB%D0%BE%D0%BC%D0%B0%D1%82%D3%A3-%D0%B1%D0%B0-%D1%88%D0%B0%D2%B3%D1%80%D0%B8-%D0%BA%D3%AF%D0%BB%D0%BE%D0%B1-%D0%BE%D0%BC%D0%B0/”]

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Бойгонӣ

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 51
  • 196
  • 165,662