«КОРВОНИ САЛОМАТӢ» ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Август 06
11:20 2013

Рӯзҳои 30 июл то 4 августи соли равон «Корвони саломатӣ»-и Вазорати тандурустӣ ба вилояти Суғд  сафар кард. Ин ҳайат аз 100 нафар сармутахассисони ғайривоҳидии Вазорати тандурустӣ, мутахассисони соҳибтаҷрибаи муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, устодони баландпояи муассисаҳои олии таълимии ҷумҳуриявӣ иборат буд.

Мақсади гузаронидани ин чорабинии марказонидашудаи тиббию машваратӣ пешгирии беморшавии аҳолӣ ва боло бурдани фарҳанги тиббии ҷомеа дар доираи татбиқи ҳадафҳои бунёдии Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023, ҳамчунин ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ба мардум наздик намудани хизматрасонии тиббӣ мебошад.

Мутахассисони баландпояи тиб ба чор гурӯҳ тақсим шуда дар шаҳру ноҳияҳои вилоят хизматҳои ройгони тиббӣ расониданд.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки мардуми ноҳияҳои дурдаст, ба монанди Шаҳристон, Ғончӣ, Айнӣ, Мастчоҳ, Конибодом, Спитамен, Исфара махсусан ба ин гуна хизматрасонии тиббӣ ниёз доранд.

Дар доираи ин чорабинӣ дар ноҳияи Ашт ва шаҳрҳои Истаравшан, Исфараю Хуҷанд беш аз 25 амалиётҳои мураккаби осебшиносӣ, саратоншиносӣ ва бемориҳои гурда бо роҳбарии профессорони шинохтаи соҳа ва ҳамдастии мутахассисони маҳаллӣ бомуваффақият анҷом дода шуд.

Дар чорабиниҳои марказонидашуда дар шаҳрҳои Хуҷанду Исфара вазири тандурустии кишвар Нусратулло Салимов ширкат намуда, бо шаҳрвандон сӯҳбат карданд.

Сафари мутахассисони баландпояи тиб ба Суғд ба он имконият медиҳад, ки табибони маҳаллӣ дар рафти кор роҳҳои нави ташхису табобат ва ҷарроҳиҳои муосирро аз устодон меомӯзанд. Ҳамчунин барои аҳолии ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ин як  кӯмакест, ки онхо аз маҳалли худ берун нарафта ташхису машварат мегиранд.

Як мошини сайёри флюорографӣ низ дар ин рӯзҳо ба  аҳолӣ хизмат расонид.

Ҳамаи ташхису машварат, маслиҳат, табобату ҷарроҳиҳо ройгон анҷом дода шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 26
  • 254
  • 91,429