“Корвони саломатӣ” дар ноҳияи Рӯдакӣ

“Корвони саломатӣ” дар ноҳияи Рӯдакӣ
Март 07
08:29 2019

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар кардани дастрасии хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар “Корвони саломатӣ” ташкил ва гузаронида мешавад.

Тибқи нақша-чорабиниҳои Маркази саломатии ноҳиявии ноҳияи Рӯдакӣ, ин навбат дар Маркази саломатии Арбобхотуни ҷамоати Чортеппаи ноҳияи мазкур “Корвони саломатӣ” таҳти шиори “Солимии модару кӯдак дар деҳот” гузаронида шуд. Қариб 20 нафар табибони соҳибтаҷрибаи ноҳияи Рӯдакӣ ва табибони оилавӣ бо  дастгоҳи сабти барқии дил ва дастгоҳи ултрасадо барои муоинаи тиббӣ сафарбар карда шуданд.

Мақсад аз ин чорабинӣ фарогирии занҳои ҳомила ба муоинаи тиббӣ ва огоҳонидани  онҳо аз бемориҳо, коҳиш додани сатҳи фавт дар давраи ҳомиладорӣ мебошад, ки ин боиси баланд бардоштани фарҳанги тиббии занҳои ҳомила ва коҳиш додани сатҳи беморшавӣ ва инчунин фавти модару кӯдак мегардад.

Дар рафти баргузории “Корвони саломатӣ” зиёда  аз 200 нафар эҳтиёҷмандон аз муоинаи ташхис тавассути дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ гузашта, ба нафарони бемор тавсияҳо ва табобатҳо фармуда шуданд.

Бо мақсади пешгирии беморшавии аҳолӣ ва баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа дар доираи татбиқи Ҳадафҳои “Бунёди дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023” чорабинии марказонидашудаи тиббию машваратии “Корвони саломатӣ” дар ҷамоати деҳоти ҳудуди ноҳия дар сатҳи хуб баргузор гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 11
  • 156
  • 202
  • 134,350