“Корвони саломатӣ” дар Рашт

Июн 12
08:12 2019

10 июни соли равон дар ноҳияи Рашт таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Одиназода бо ҷалби сармутахассисони соҳавии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, устодони баландпояи муассисаҳои олии таълимии тиббии ҷумҳуриявӣ чорабинии тиббию машваратии “Корвони саломатӣ” гузаронида шуд.

Дар ин чорабинии солимгардонӣ аз ҷониби сохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаштани шаҳрвандон аз ташхис ва дигар амалиётҳо тамоми шароит муҳайё карда шуда, инчунин ба афроди эҳтиёҷманд лавозимоти зарурӣ тақдим карда шуд.

Дар чорабинии тиббию машваратии “Корвони саломатӣ” дар ноҳияи Рашт  3475 нафар шаҳрвандон иштирок намуданд, ки ба 1849 нафари онҳо аз ҷониби табибон машварат дода шуд. Инчунин дар ҷараёни чорабинии мазкур  1626 нафар  аз ташхис, муоина ва дигар амалиётҳо гузаштанд. Аз ҷумла ҷарроҳии калонсолон 4 нафар, хатна, 24 нафар, ҷарроҳии ҷурраи модарзодии кӯдакон 3 нафар, ташхиси ВНМО 187 нафар, ташхиси флюорография 163 нафар, хуни донорӣ ва таҳлили хун 211 нафар, хун барои муайян намудани гурӯҳ 46 нафар, ташхиси Ултрасадо (УЗИ) 664 нафар, аробачаи маъюбӣ ба 5 нафар, асобағал ба 28 нафар, пойафзол ба 4 нафар маъюб, маслиҳати тибби халқӣ ба 174 нафар, ташхиси диабети қанд 109 нафар ва ғ…

Қобили зикр аст, ки чорабинии солимгардонии “Корвони саломатӣ” ҳамасола дар тамоми манотиқи кишвар бо иштироки мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон баргузор мегардад. Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур дастрасии ҳарчи бештари аҳолӣ ба ташхис ва муоинаи ройгон, гуфтугӯҳои озоди шаҳрвандон бо мутахассисони варзидаи соҳа ва бо ин васила баланд бардоштани солимии аҳолӣ ба шумор меравад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 2
  • 18
  • 300
  • 179,772