«Корвони саломатӣ» зиёда аз 4230 нафар сокинони шаҳри Бохтарро аз хизматрасонии ройгони тиббӣ баҳравард сохт

«Корвони саломатӣ» зиёда аз 4230 нафар сокинони шаҳри Бохтарро аз хизматрасонии ройгони тиббӣ баҳравард сохт
Май 14
08:51 2018

Санаи 12 майи соли равон    ҷиҳати таъмини сатҳи сиҳатии сокинон ва пешгирии эшон аз гирифторшаӣ ба  маризиву бемориҳои мухталиф  «Корвони саломатӣ»-и  навбатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Бохтари  вилояти Хатлон сафарбар гардид.    Дар чорабинии мазкур беш аз  100 нафар мутахасисони ботаҷрибаи соҳа аз ҷумла; сармутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, устодони баландпояи муассисаҳои олии таълимии тиббӣ ҷалб гардиданд.

Дар рафти баргузории «Корвони саломатӣ» зиёда аз 4230 нафар сокинони шаҳри Бохтар аз хизматрасонии ройгони тиббӣ бархуурдор гардиданд. Аз ҷумла 169 нафар аз ташхиси ВНМО,  543 нафар аз ташхиси ултрасадоӣ, 205 нафар аз ташхиси флюриографӣ, 208 нафар бо хуни донорӣ  гузаронида шуд. Ҳамзамон зимни баргузории «Корвони саломатӣ»   110 кӯдак хатна карда шуда, ба 6 нафар кӯдак ҷароҳии чураи модарзодӣ гузаронида шуда, 15 нафар чарроҳӣ, 10 нафар ҷароҳии чашм карда шуданд.

Маврид ба таъкид аст, ки дар ҳайати корвони саломатӣ тамоми муассисаву сохторхои тобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории ВНМО”, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ”, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун”, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” ва дигар зерниҳодҳои дахлдор ҳузур доштанд.

Ҳамзамон, барои шахсони маъюб вобаста ба шакли маъюбияташон   аробачаи маъюбӣ ва ба  қисмеи дигар  асобағал (асо барои нобиноён)  тақдим карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 514
  • 361
  • 61,029