«Корвони саломатӣ» сокинони ноҳияи Раштро бо хизматрасонии ройгони тиббӣ бархурдор намуд

«Корвони саломатӣ» сокинони ноҳияи Раштро бо хизматрасонии ройгони тиббӣ бархурдор намуд
Июл 03
11:14 2017

Санаи 01 июли соли равон бо мақсади  таъмини сатҳи сиҳатии сокинон ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз гирифторшавӣ ба  маризиву бемориҳои мухталиф «Корвони саломатӣ»-и    Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  ноҳияи Рашт  сафарбар гардид.

Зимни баргузории чорабинии солимгардонии мазкур бо ҷалби зиёда аз 36 нафар мутахассисони ботаҷрибаи соҳавӣ   мардуми маҳаллӣ  аз хизматрасонии ройгони тиббӣ бархурдор гардиданд. Маслиҳату машварат ва ташхисҳои мутахассисони баландпояи  муассисаҳои ташхисиву табобатии чумҳуриявиро сокинони маҳаллӣ ба хубӣ пазируфтанд. Дар баробари ин табибони маҳаллӣ низ имкон пайдо карданд, то аз таҷрибаи бои ҳампешагону устодони хеш, ки дар муассисаҳои ҷумҳуриявӣ фаъолият мекунанд, баҳраманд гарданд.

Дар “Корвони саломатӣ”  1526 нафар  сокинон аз хизматрасонии ройгони тиббӣ бархурдор гардида 11 нафар беморони ниёзманд  аз ҷониби мутахасcисони ботаҷриба ҷарроҳӣ карда шуданд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур мутахассисони “Корвони саломатӣ” бо дастгоҳу лавозимоти муосири соҳавӣ аз қабили; дастгоҳҳои  ташхиси фаросавтӣ, дастгоҳҳои сабти баркии дил, дастгоҳҳои даруннигарӣ, наклиёти сайёри флюорографӣ, тестҳо барои ташхиси ВНМО, деабети қанд ва клиникаи мобилӣ таъмин карда шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 101
  • 256
  • 76,371