Коронавирус беморӣ аст на манбаи даромад!

Коронавирус беморӣ аст на манбаи даромад!
Март 20
14:03 2020

Дуруд падарон, модарон, бародарон ва хоҳарони арҷманд! Имрӯзҳо мардуми Тоҷикистон дар баробари дигар миллату халқҳои олам аз вазъи ногувори баамаломада – пандемияи сирояти коронавирус дар изтиробанд. Албатта, табиист, ки мо ҷузъе аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастем ва ин изтиробу нигарониҳои мо беҳуда нестанд, аммо, мутаассифона, баъзе шахсон ва гурӯҳҳои махсус, ҳатто баъзе аз хабарнигорон ва расонаҳои хабарӣ аз ин ҳолати ба вуқӯъомада истифода намуда, бо хабару мақолаҳои ҳангомаҷӯёна манфиатҳои худро роҳандозӣ менамоянд. Яке муштарӣ ҷамъ менамояд, дигаре барои худ обрӯ месозад, сеюмӣ онро барои худ манбаи даромад медонад.

Коронавирус беморӣ аст, муқобили он бо саъю талош, яъне бо риояи чораҳои пешгирӣ, риояи гигиенаи шахсӣ, ҷамъиятӣ, парҳез аз ҷойҳои серодам, баланд бардоштани масунияти бадан бояд мубориза бурд. Пешгирии ин беморӣ аз талошу кӯшиши ҳар шаҳрванди мамлакат ва он нафаре, ки вориди кишвари мо мегардад, вобаста аст.

Аз тамоми воситаҳои ахбори омма хоҳиш менамоям, ки дар ин рӯзҳо дар масъалаи пешгирии сирояти коронавирус саҳифа, рубрика, барномаву гузоришҳои махсуси худро бештар намоянд, бо масъулон, мутахассисони тиб маслиҳатҳои лозимаро нашр ва пахш намоянд. Ҳадаф ва мақсади аслӣ ҳифзи солимии миллат аст! Имруз бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, таблиғи гигиенаи шахсӣ, умуман, таблиғи чораҳои пешгирӣ нисбати сирояти коронавирус танҳо кори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зерсохторҳои он ва Маркази матбуоти вазорат набуда, балки ҳама, новобаста аз ташкилоту муассиса, вазифа ва касб дастҷамъона, муттаҳидона ва бо сабру таҳаммул ва муҳимтар аз ҳама, бо риояи чораҳои пешгирии ин беморӣ саҳми назарраси худро бояд гузорем!

Мо бояд бештар аз ҳарвақта муттаҳид бошем, мардумро ба оромӣ, сабурӣ ва таҳаммул даъват намоем, то ки ба эҳсос, ҳарос ва воҳимаву таҳлука гирифтор нагарданд! Набояд ҳангомаҳо сохта, мардуми дар изтироб мондаро роҳгум занонида, ҳадафу манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳии худро амалӣ намуд!

Ҳоло дар ҷаҳон гӯё  “ҷанг” меравад ва ин “ҷанг” беморӣ аст! Дар ҷанг мубориза мебаранд ва муборизаи мо озодагӣ, покизагӣ, парҳез ва ҳифзи саломатии худу дигарон аст!

Айни замон бузургтарин ҷанге, ки дар олам ҳукм меронад, ин “ҷанги иттилоотӣ” мебошад. Иттилоот дар  замони имрӯз  бузургтарин аслиҳа ба шумор рафта, ба воситаи он метавон мардумро ҳам пароканда ва ҳам муттаҳид сохт.

Аз ин хотир, дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз ҳамкасбони хеш эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ҳар маводи вобаста ба сирояти коронавирус ба нашр  расонидаашонро бо  истифода аз маълумоти расмӣ ва  мувофиқа бо мақомоти марбутаи соҳа, хусусан, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардум пешниҳод намоянд.

Падарон, модарон, бародарон, хоҳарон ва фарзандони азиз! Имрӯз дар назди ҳар яки шумо масъулияти азим меистад, масъулияти ҳифзи саломатии худ ва атрофиён. Шумо сатҳи маълумотнокии худро оид ба пешгирии сирояти коронавирус баланд бардоред, ки ин ҳам бори дигар таъкид менамоям, оддиву содда аст, танҳо риояи гигиенаи шахсӣ, баланд бардоштани масунияти бадан, канор гирифтан аз ҷойҳои серодам ба хотири солиму бардам нигоҳ доштани худ ва дигарон.

Қоидаҳои беҳдоштиро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  тавассути маводи иттилоотӣ, варақаҳо ва роликҳои гуногун дар ҳама ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои гуногуни кишвар паҳн ва таблиғ карда истодаанд. Аз тарафи шабакаҳои телевизион ва радио, матбуот  ва сомонаҳои интернетӣ  низ  ин қоидаҳои беҳдоштӣ тавассути роликҳо ва мусоҳибаҳои мутахассисон баён карда мешаванд. Ба ҷуз аз ин, ба шумо бо кадом забон осонфаҳму дастрас аст, метавонед қоидаҳои беҳдоштиро аз тамоми телевизионҳои давлатҳои дигар низ дастрас намоед, зеро қоидаҳои беҳдоштӣ барои инсон дар тамоми давлат як аст ва дар ҳама кишварҳо имрӯз маҳз ҳамин қоидаҳо ҳамчун шарти асосии пешгирии сирояти коронавирус таблиғ карда мешаванд.

Наврӯзатон мубораку хуҷаста  ва саломатиатон бегазанд бод, ҳамватанони азиз!

Бо эҳтиром ва ихлосу сипоси беандоза,

Директори Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ

ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бибихонум Дарвешзода

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2020
ДСЧПҶШЯ
« மார்ச்  
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 359
  • 1,189
  • 279,359