Кӯдакони аз Ироқ овардашуда аз муоина ва ташхис гузаштанд (АКС)

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда аз муоина ва  ташхис гузаштанд (АКС)
Май 01
17:07 2019

Бо мақсади иҷрои Протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2019, №16/10-94 вобаста ба баргардонидани шаҳрвандони ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қаламрави Ироқ ва Сурия санаи 1 майи соли равон дар макони муваққатии кӯдакон “Осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати  “Харангон” муоинаи тиббии 84 нафар кӯдакони аз кишвари Ироқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон овардашуда аз тарафи мутахассисони соҳа: табиби кӯдакона, ҷарроҳ, асабшинос, равоншинос, сироятшинос, чашм, силшинос, пӯсту зӯҳравӣ, гушу гулу ва бинӣ гузаронида шуд.

Дар ҷараёни аз муоина ва ташхис гузаронидани кӯдакон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифти иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким Холзода, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” Аслиддин Раҷабзода ва дигар намояндагони зерсохтори вазорат иштирок доштанд.

Ғайр аз ин, тамоми кӯдакон аз ташхиси флюорография, ташхиси сирояти вируси норасоии масунияти одам, ташхиси хун барои маркерҳои вируси гепатити В ва С, ташхиси пешоб барои муайян намудани маводҳои психотропикӣ гузаронида шуданд.

Инчунин, пагоҳ аз тарафи Озмоишгоҳи референсӣ  ба ин кӯдакон ташхисҳои хун, пешоб ва фазла гузаронида мешавад.

Дар  назар аст, ки пас аз ба итмом расонидани муоинаи тиббӣ тамоми кӯдакон бо иммунизатсия фаро гирифта мешаванд.

Қобили зикр аст, ки барои аз муоина ва  ташхис  гузаронидани кӯдакони аз кишвари Ироқ ба Ватан оварда шуда, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароит ва имконот муҳайё карда шудааст

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонидани ҳамаи кудакон ва ноболиғон-шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшудаи худ ҷиҳати пайвастан ба сафи ДИИШ ва дигар нерӯҳои террористию экстремистӣ вориди сарзамини Ироқ шудаанд, мавриди пайгирии ҷиддии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт қарор дорад.

Дар натиҷа муайян карда шуд, ки дар маҳбасҳо, зиндонҳо, боздоштгоҳҳо  ва марказҳои  нигаҳдории ноболиғон дар Ироқ 43 нафар зан ва 95 нафар тифл аз шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд ва дар миёни онҳо тифлони хурдсоле низ ҳастанд, ки дар ин кишвари арабӣ таваллуд шудаанд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷии Ироқ ва Кувайт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ироқу Тоҷикистон, ташкилоти ЮНИСЕФ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ рӯзи 30 апрели соли равон 84 нафар кӯдакон тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ва дастгириҳои пайваста ҷиҳати ба Ватан баргардонидани кӯдакони тоҷик ба Вазорати корҳои хориҷии Давлати Кувайт, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ ва намояндагии ЮНИСЕФ дар Ироқ изҳори сипос менамояд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 203
  • 219
  • 150,075