Кӯмаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз 233 нақлиёти борбар ба вилояти Хатлон расид

<span class="dojodigital_toggle_title">Кӯмаки Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон иборат аз 233 нақлиёти борбар ба вилояти Хатлон расид</span>
Май 21
14:30 2020
Бо мақсади дастгирию кумаки кормандони соҳаи тандурустӣ, тақвияти тадбирҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятӣ дар мамлакат ва муолиҷаи саривақтии беморони гирифтори коронавируси COVID-19 имрӯз, 20 май, кумакҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корвони иборат аз 233 мошини борбар аз пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон раҳсипор гардид.
Дар доираи таваҷҷуҳ ва ғамхории пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ, беморон ва оилаҳои ниёзманди мамлакат ба 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои табибону кормандони дигари соҳаи тандурустӣ ва беморони мубталои сирояти нави коронавирус дар ҳаҷми 1350 тонна хӯрокворӣ, маводи доруворӣ ва лавозимоту таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла 20 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ба маблағи зиёда аз 8 миллион сомонӣ дастрас карда мешавад.
Барои таъминоти тамоми муассисаҳои тандурустӣ ва дигар муассисаҳои таъиноти тиббии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат ба маблағи умумии 5 миллион сомонӣ зиёда аз 120 намуди доруворию лавозимоти зарурии тиббӣ, аз ҷумла либос ва айнакҳои муҳофизатии тиббӣ, ниқоб, дастпӯшак, маводҳои безараргардонию беҳдоштӣ, воситаҳои техникии тиббӣ фиристода шуд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар маросими пешвози корвони кумакҳои Пешвои миллат дар шаҳри Бохтар миннатдории тамоми сокинони вилоят, аз ҷумла табибон ва ҳамаи онҳоеро, ки бо бемории сироятии коронавирус дар муборизаанд, ба Роҳбари давлат расонид.
— Мехоҳам ба Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша дар фикри беҳбудии халқ буда, ба беморхонаҳо, табибон ва беморон кумакҳои пайваста мерасонанд, инчунин ба соҳибкорони бонангу номусе, ки дар пайравӣ аз иқдомҳои башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат кумакҳои ғизоӣ ва маводи доруворию лавозимоти тиббиро ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дастрас менамоянд, самимона арзи сипос намоям, — зикр кард Қ. Ҳакимзода. – Мардуми вилояти Хатлон аз таваҷҷуҳу ғамхории ҳамешагии Сарвари давлат бархӯрдор буда, сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи ӯро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.
Бояд хотиррасон кард, ки илова ба кумакҳои хӯрокворӣ ва доруворию лавозимоти тиббӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кумак ба мардуми аз офати табиӣ зарардида 3700 дона бомпӯш (шифер), 750 куб тахта, 78 тонна арматура ва 180 тонна семент фиристонданд.
Дар маҷмӯъ, 33 мошини пурбори кумаки ғизоӣ, маҳсулоти сохтмонӣ ва лавозимоти тиббӣ аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зарардидагони офати табиӣ ва табибону беморони ноҳияи Хуросон дастрас гардид. 16 тонна картошка, 16 тонна пиёз, 16 тонна сабзӣ, 13 тонна орд, 9 тонна биринҷ, инчунин чортоннаӣ равған, макарон, сетоннаӣ гречка ва перловка ва дигар анвоӣ маҳсулоти ғизоӣ, ҷамъ 84 тонна (42 тонна барои хонаводаҳои осебдида ва 42 тонна барои табибону беморон) пешбинӣ карда шудааст.
Аз шумораи умумии мошинҳои корвони кумакҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон фиристода шуданд, дар 26 мошин хӯрокворӣ, доруворӣ, лавозимот ва таҷҳизоти тиббӣ, инчунин 10 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ба шаҳри Кӯлоб дастрас карда шуд.
Дар маҷмӯъ, кумакҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат далели таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба солимии ҷомеа мебошад ва аҳолии Тоҷикистон, хусусан табибону беморонро ба ояндаи неки зиндагӣ дар мамлакат дилгарм месозад.
Бо мақсади ба таври шаффоф, мақсаднок ва суроғавӣ дастрас намудани маводи доруворӣ ва молу маҳсулоти хӯрокворӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби аъзои Ҳукумати мамлакат, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории короновирус COVID-19 ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, фаъолияти доимӣ доранд.
Худи ҳамин рӯз ҳамаи мошинҳо ба самти шаҳру навоҳии вилоят ҳаракат намуда, то ин соат ба суроғаҳои худ расидаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2020
ДСЧПҶШЯ
« ஏப்  
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 87
  • 547
  • 359,026