Кӯшишҳо барои расидан ба ҳадафҳои ҳазорсола

Кӯшишҳо барои расидан ба ҳадафҳои ҳазорсола
Сентябр 22
12:41 2017

Имруз дар шаҳри Душанбе конференсияи миллӣ дар мавзӯи “Вусъат бахшидани ҳамоҳангсозии байниидоравии мақомоти масъул дар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва омори ҳаётӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бо дастгирии грантии Анҷумани Парлумонҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд доир гардид.

Ҳадафи ҷаласаи мазкур вусъат бахшидани фаъолияти парлумонҳо дар сатҳи миллӣ ҷиҳати рафъи костагиҳо дар низоми бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ мебошад. Ҳамчунин баланд бардоштани мубодилаи таҷрибаи парлумонҳо ва сохторҳои давлатӣ бо мақсади дарки бештари ҷиҳати таҳияи қонунгузории соҳа. Иштирокдорони  конфронс бо мақсади арзёбии Ҳадафҳои рушди устувор ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми байқайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, такмил додани ҳамкориҳо миёни сохторҳои давлатӣ ва мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат намудан оид ба тахмини шаффофияти нишондиҳандаҳои оморӣ ва ҳаракати табии аҳолӣ андешаву пешниҳодҳои худро иброз доштанд.

Зимни сухани ифтитоҳӣ Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки аз соли 2014 инҷониб Кумитаи миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушд  ташкил карда шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату кумитаҳои дигар дар самти ҳифзи сиҳатии модарон ва ҷавондухтарон, сари вақт ба қайд гирифтани навзодон, ба расмият баровардани ҳолатҳои никоҳ ва талоқ ҳамкории самарнокро бароҳ мондааст.

Ҷаноби Кейзо Такемӣ, вакили парлумони Япония, Директори Анҷумани Парлумонҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд, ҳамраисии кумитаи доимоамалкунанда оид ба пиршавӣ зимни суханронии хеш иброз дошт,ки  “Мо муносибатамонро барои расидан ба ҳадафҳои ҳазорсола дар се самт ба роҳ мондем. Роҳи якум муносибатҳои гендерӣ, ҳифзи сиҳатии модару кудак ва пешгирии  зӯроварӣ дар оила. Самти дуюм  сармоягузорӣ ба ҷавонон барои таҳсил, рушди ҷавонон ва таъсиси чойҳои корӣ ва самти сеюм пиршавии аҳолӣ. Дар ин росто қайд кардан зарур аст, ки ҳарсе ин равия ба тандурустӣ сахт марббут аст ва аз ин рӯ мо тандурустиро консепсияи асосӣ мешуморем”.

Насим Олимзода, вазири тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳангоми суханронӣ дар ҳамоиши мазкур  иброз дошт, ки бо дастгирии бевоситаи раҳбарияти кишвар ва талошу кӯшишҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи тандурустии кишвар дастовардҳои назаррасе ба амал омаданд. Барои расидан ба  ҳадафҳои рушди ҳазорсола бошад, дар айни ҳол ҳамкории ҳамаи сохторҳои марбута зарур аст.

Дар кори конфронс ҳамчунин муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ва мушовири вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Дилором Содиқова ширкат намуда, фикру андешаҳои худро иброз доштанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2020
ДСЧПҶШЯ
« ஏப்  
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 574
  • 1,134
  • 329,461