Лоиҳаи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” мавриди баррасӣ қарор гирифт (АКС)

Лоиҳаи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” мавриди баррасӣ қарор гирифт (АКС)
Май 08
14:45 2019

8 майи соли равон дар муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» ҷаласаи  Шӯрои  ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ ва гурӯҳҳои кории техникӣ оид ба таҳияи лоиҳаи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, муовини вазир оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Шодихон Ҷамшед, ёрдамчии вазир Дилором Содиқова, намояндагони ташкилот ва созмонҳои байналмилалӣ, сардорони раёсат ва муассисаҳои зерсохтори вазорат иштирок намуданд.

Ҷаласаро муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла қайд намуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои охир дар доираи ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд чорабиниҳои афзалиятнокро дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 1 августи соли 2010, №368 тасдиқ гардидааст, самаранок амалӣ намуда истодааст.

-Чорабинии имрӯза саҳифаи навест барои идомаи ин ҳамкорӣ ва натиҷаҳои хулосаҳои мо барои таҳияи мақсаднок ва самараноки ҳуҷҷати нави “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, ки барои рушди соҳа дар даҳ соли минбаъда равона гардидааст.

Таҳияи ҳуҷҷати нави стратегӣ моро вазифадор менамояд, ки дар муҳлати на он қадар зиёд бо истифода аз таҷрибаи ба даст омада вазифаҳои вогузоршударо саривақт ва самаранок иҷро намоем. То имрӯз  аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кормандони Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ консепсияи таҳияи стратегияи нав, ҳайат, уҳдадориҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ, котибот ва гурӯҳҳои кории техникӣ бо фармоиши алоқаманд тасдиқ гардидаанд,-афзуд ӯ.

Дар ҷаласаи мазкур  инчунин муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Шодихон Ҷамшед, ёрдамчии вазир Дилором Содиқова, мутахассис оид ба барномаҳои барқароркунии Намояндагии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатиш Мишра,  сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалӣ Тоҳиров Р. Н. дар мавзӯи сохтори идоракунӣ, вазифаҳои техникии гурӯҳҳо ва раванди таҳияи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баромад намуданд.

Инчунин дар идомаи ҷаласа миёни гурӯҳи техникии лоиҳа ва иштирокчиён саволу ҷавоб баргузор гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 216
  • 219
  • 150,088