Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияҳои таҷрибавӣ муаррифӣ гардид

Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияҳои таҷрибавӣ муаррифӣ гардид
Апрел 07
07:14 2020

Аз 30 март то 2 апрели соли равон бо мақсади муаррифии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд 0627-TAJ (SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа: Рашту Файзободи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон,  Гурӯҳи кории табиқи лоиҳаи мазкур таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Саида Ғайрат ва менеҷери Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа Маҳмудзода Исфандиёр Сафарӣ ба ноҳияҳои  зикршуда сафари корӣ анҷом дода шуд.

Дар ҷараёни сафари кории хеш, Гурӯҳи татбиқи лоиҳа ба ноҳияҳои зикршуда ташриф оварда, ҳадаф ва мақсади амалисозии лоиҳаи мазкурро ба аҳолӣ маълумот пешниҳод намуд.

Дар ҷаласаҳо зимни муаррифӣ, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода С.Ғ, раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод Раҷабзода Миралӣ, раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон, раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Зарифзода Почохон, менеҷери Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода И.С,  роҳбарони муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ, раисони ҷамоатҳои ноҳияҳои таҷрибавӣ ва кормандони Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи мазкур иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа аз ҷониби масъулин қайд карда шуд, ки амалисозии Лоиҳаи мазкур як қатор ҳадафҳои мақсаднок дар назар дошта шудаанд, ки самтҳои афзалиятноки имрӯзаи соҳаи тандурустиро фаро гирифта, барои тақвияти сиёсати соҳа дар раванди хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон мусоидат менамоянд. Яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷа ин сохтмон ва таъмири беморхонаҳои марказии ноҳиявӣ ва марказҳои саломатии ноҳиявӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт, Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин ва таъминоти онҳо бо таҷҳизоти муосир ва мебели тиббӣ мебошад, ки ба беҳтаркунии инфрасохтори тандурустии ноҳияҳои номбурда таҳким мебахшад.

Инчунин, дар доираи амалинамоии чорабиниҳои Лоиҳа таҳкими иқтидори захираҳои инсонӣ тавассути таҳияи стратегияи банақшагирӣ ва тақсимоти кадрҳо барои ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа, аз ҷумла тавассути омӯзиши кормандони КАТС ва беморхонаҳо оид ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар марказҳо ва муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ ва тариқи таҷрибавӣ амалӣ намудани механизми маблағгузорӣ дар асоси табобат дар беморхонаҳои ноҳияҳои таҷрибавӣ, амалӣ карда мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки амалисозии лоиҳаи мазкур аз 29 марти соли 2019 оғоз гардида, то 31 августи соли 2025 ба нақша гирифта шуда, дар муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзободи тобеи ҷумҳурӣ ва Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон амалӣ мегардад.

Маблағи умумии Лоиҳа 35,2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз ин маблағ 3,2 миллион доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад,

Лоиҳа аз чаҳор қисматҳои амалисозӣ иборат аст, аз ҷумла:

  1. Беҳтар намудани хизматрасонии маҷмӯии босифат оид ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар ноҳияҳои таҷрибавӣ;
  2. Такмил додани хизматрасониҳо дар бахши саломатии модару кӯдак ва беҳтаркунии инфрасохторҳо;
  3. Баланд бардоштани сатҳи дониш дар соҳаи саломатии модару кӯдак ва рафтори ба нигоҳдории саломатӣ нигаронидашуда дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа; ва
  4. Идоракунии лоиҳа ва баҳодиҳӣ мебошанд.

Инчунин иттилоъ дода шуд, ки Бо мақсади устуворнокии татбиқи қисматҳои гуногуни Лоиҳа санаи 25 октябри соли 2019 Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) оид ба татбиқи қисматҳои 1 ва 3  лоиҳа ба имзо расонида шудааст, ки корҳо дар ин самтҳо оғоз гардидаанд.

Дар навбати худ масъулини ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа ба  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳ ба соҳаи тандурустии мамлакат изҳори сипос намуда, ҷиҳати саривақт амалӣ намудани Лоиҳаи мазкур кумак хоҳанд кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2020
ДСЧПҶШЯ
« மே  
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 152
  • 44
  • 341,832