Майдончаи варзишӣ барои кӯдакону наврасони як гӯшаи Душанбешаҳр

Майдончаи варзишӣ барои кӯдакону наврасони як гӯшаи Душанбешаҳр
Июл 15
11:43 2017

Имрӯз дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе як майдончаи зебову замонавии варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Корҳои сохтмониву васлкуниро ҶДММ “”Трансхизмат ” бо сифати баланд ба анҷом расонид.

Барои ин майдончаи замонавӣ, ки дар масоҳати  4800 метри квадратӣ бунёд ёфт,  924 хазор сомонӣ сарф шудааст.

Ҳангоми ифтитоҳи он муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ қайд кард , ки “Ин тӯҳфаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба кӯдакону наврасони кӯчаи Бухоро яке аз беҳтарин майдончаҳоест, ки бунёд мешавад. Дар маҷмӯъ дар пойтахт  бунёди 70 майдончаи варзишӣ ва 80 гулгашт ба нақша гирифта шудааст”.

Ҳамзамон Мавсума Муинӣ миннатдории роҳбарияти Ҳукумати  шаҳри Душанберо барои саҳм гузоштан дар корҳои ободонии пойтахт ба кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ изҳор дошта, сипосномаи Раиси шаҳри Душанберо ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супорид.

Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Сами Шариф низ аз сифати сохтмони майдончаи варзишӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода  зикр намуд, ки  “Барои  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки муҳофизи сиҳатии мардум аст,  тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим яке аз самтҳои асосист. Ба ин хотир ин як тӯҳфаест ба сокинони як гӯшаи пойтахти кишвар, то  ки барои варзиш ва фароғату истироҳати кудакону наврасон мусоидат кунад”.

Истиқоматкунандагони кӯчаи Бухоро миннатдории хешро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Ҳукумати шаҳри Душанбе ва  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иброз доштанд. Шодиву хурсандии наврасону кӯдаконро дар ин майдонча интиҳо набуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 203
  • 219
  • 150,075