Манфиатҳои об

Манфиатҳои об
Март 29
06:38 2019

Дар ҳошияи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”

                                   Манфиатҳои об

Об дар организми инсон ҳаётан муҳим буда, қисмати зиёди ҷисми одам аз он таркиб ёфтааст. Бе об ҳаёт нест. Илова бар ин, об хосиятҳои шифобахшӣ дошта, дар тиб усулҳои табобат ба воситаи он хеле  зиёд вомехуранд. Обҳои софу зулоли чашмаҳои кўҳӣ ва обҳои тозаи зеризаминиро наҷӯшонида нӯшидан мумкин аст. Дар таркиби чунин обҳо микроэлементҳои фоиданок хеле  зиёданд. Аммо оберо ки тавассути қубурҳои оҳанӣ мегузарад ва дар шаҳрҳо бештар истифода мешавад, наҷӯшонида  нӯшидан мумкин нест. Чунки новобаста аз корҳои тозакунӣ чунин об метавонад дар худ микроб дошта бошад. Аз ин ру сокинони шаҳриншинро лозим аст, ки пеш аз нўшидан обро ҳатман  ҷӯшонанд.

Оби ҷӯшомада ба организми инсон манфиатҳои зиёд дорад. Тибқи фармудаи мутахассисони соҳаи тиб, оби ҷӯшомадаро бояд на дар ҳарорати баланд, балки дар ҳарорати муътадил нӯшид. Ҳарорати он набояд зиёда аз 40-42 дараҷа бошад, зеро ҳарорати аз ин баландтар боиси дарди меъда мегардад.

Тибқи гуфтаи табиби мардумӣ Абдулло Ташрифзода, нӯшидани оби ҷӯшомада барои кори дурусти меъдаву руда беҳтарин даво буда, узвҳои ҳозимаро тоза мекунад.

Табибон оби ҷӯшомадаро барои вазнпартоӣ низ фоидабахш арзёбӣ мекунанд. Нӯшидани як ё ду истакони он ҳангоми гуруснагӣ раванди фарбеҳшавиро дар организм пешгирӣ месозад, яъне инсонро камиштиҳо намуда, ба обшавии чарби бадани одам сабаб мешавад. Инчунин оби ҷӯшомада барои асаб ва гардиши хун дар рагҳо аз манфиат холӣ набуда, асабониятро бартараф  ва табъи касро  хуш менамояд.

Оби ҷӯшомада барои зебо  шудани пусти рӯй низ мусоидат мекунад. Ҳар рӯз бо шиками гурусна нӯшидани оби ҷӯшомада пӯстро пуртароват ва зебо мегардонад.

Оби ҷӯшомадаро  саҳар бо меъдаи холӣ бинӯшед, чунки он барои қабули дигар ѓизо организмро омода месозад.

Ҳамеша реҷаи дурусти нӯшидани обро риоя намоед. Аввал дар наҳор, ним соат пеш аз истеъмоли ғизо, дар нисфирӯзӣ ним соат пеш аз ғизо ду истакон ё баръакс пас аз ду соати истеъмоли ғизо метавонед ду истакон об бинӯшед. Ҳамчунин маротибаи сеюм дар рӯз шумо метавонед як соат пеш аз хоб об бинӯшед; пас аз нӯшидани оби ҷӯшомада дарҳол хоб рафтан тавсия дода намешавад, зеро ин ҳолат  боиси хуруҷи баъзе бемориҳо шуда метавонад.

Ҳеҷ вақт обро бо хӯрок якҷоя нанӯшед, зеро дар чунин ҳол эҳтимоли варам кардани шикам вуҷуд дорад. Ғизошиносон танҳо 20-30 дақиқа пеш ё баъд аз хӯрок нӯшидани обро тавсия медиҳанд.

Оби ҷўшомадаро бо лимӯ, асал, гармдору (имбир) нўшидан манфиати бештар дорад.

Ҳамчунин ғизошиносон тавсия медиҳанд, ки обро зиёд ҷӯшонидан лозим нест, зеро минералҳои таркиби он нобуд гашта, хусусияти шифобахшиаш кам мешавад. Ҳамчунин ду бор ҷӯшонидани об низ тавсия намешавад.

                                                                                                 Таҳияи  Гулрухсор

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 17
  • 300
  • 179,771