Маркази саломатии “Меҳробод” дари худро ба рӯи аҳолӣ боз кард

Маркази саломатии “Меҳробод” дари худро ба рӯи аҳолӣ боз кард
Апрел 18
13:50 2019

Деҳаи Меҳрободи ноҳияи Масчоҳ аз ҷумлаи манотиқест, ки дар он Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” амалӣ мегардад. Дар ин деҳа Маркази саломатӣ бо номи “Меҳробод” мавриди истифода қарор дода шуд. Дар маросими ба истифода додани Маркази саломатии мазкур раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, масъулони Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Масчоҳ Ғайрат Азиззода ва масъулони тандурустии вилоят ва ноҳияи мазкур ширкат доштанд.

Маркази саломатии мазкур дорои 6 ҳуҷра, аз ҷумла қабулгоҳ, ҳуҷраҳои иммунизатсия, хатна, доругузаронӣ, утоқи табиби оилавӣ ва таҳлилгоҳ мебошад. Сохтмони марказ  моҳи феврали соли 2017 оғоз гардида, моҳи ноябри соли 2018 бо сарфи 1 миллиону 400 сомонӣ ба итмом расонида шуд.

Акнун ин Маркази саломатӣ ба 4500 нафар аҳолии деҳаи Меҳробод, ки 13 км дур аз маркази ноҳия ҷой гирифтааст, хизмати босифати тиббию санитарӣ мерасонад.

Қобили зикр аст, ки ба ин Маркази саломатӣ 85 номгӯи таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи 180 591,77 сомонӣ, 8 намуд занҷираи хунуктаъминкунанда барои нигоҳдории ваксинаҳо, аз ҷумла яхдонҳои хурду калони махсусгардонидашуда ба маблағи 32 732,00 сомонӣ харидорӣ карда шудааст. Ҳамзамон 24 намуди мебели тиббӣ, ҷевон, мизу курсӣ ва лавозимоти дигар бо арзиши  141 939, 00 сомонӣ харидорӣ ва барои кори хуби табибон пешниҳод шудааст.

“Боиси хушнудист, ки дар ин маркази зебои наву замонавӣ, ки дорои тамоми шароит барои хизматрасонии босифат ба аҳолӣ пешниҳод шудааст, 11 мутахассиси соҳа, аз ҷумла 3 нафар табиб, 6 нафар корманди миёна ва 2 корманди хурди тиб соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд”-, зикр намуд зимни сухани ифтитоҳӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода.

Ҳамчунин барои расонидани кӯмаки саривақтӣ ба беморон ба Маркази саломатии “Меҳробод” мошини ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд, ки дорои тамоми имкониятҳо буда, барои шароити кӯҳистон мувофиқ гардонида шуда,  бо истифода аз таҷҳизоти тиббии дохили он  ба ниёзмандон тамоми ёрии аввалияи тиббиро расонидан мумкин аст.

Ёдовар мешавем, ки фаъолияти лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо дастгирии молиявии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар ноҳияи Масчоҳ аз соли 2015 шурӯъ гардида, то имрӯз ба самти кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ 6 361 614 сомонӣ равона гардидааст, ки 70 фоизи он ҳамчун иловапулӣ ба кормандони соҳа ва 30 фоизи дигар барои беҳтар гардонидани шароити корӣ ва нигаҳдошти инфрасохтори КАТС равона шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 2
  • 100
  • 231
  • 173,765