Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ
Сентябр 03
16:30 2018

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани   мукофотҳои давлатӣ ба фаъолони соҳаи тандурустӣ баргузор гардид.

Маврид ба тазаккур аст, ки ҳамасола фаъолони   соҳаҳои марбутаи кишвар  ба ифтихори истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Хизмати шоиста» ва дигар мукофотҳо ҷиҳати анҷом додани хишматҳои сазовор дар кору пайкор сарфароз гардонида мешаванд.  Имсол низ якчанд кормандон ва мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ  бо чунин мукофотҳо сарфароз гардиданд.

Ҳамчунин чанд нафар шаҳрвандон бо унвони ифтихории «Донори ифтихории Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.

Хотиррасон менамоем, ки дар расми супоридани мукофотҳои мазкур Насим Олимзода вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Музаффар Ашурзода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони дастгоҳи марказии ин ниҳод, фаъолони соҳа ширкат доштанд.

Дар охири чорабинӣ ба гирандагони мукофотҳои давлатӣ дар кору пайкор бурдбориҳо таманно карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 101
  • 288
  • 100,265