Масъалаи табобати бемории сил миёни муҳоҷирон баррасӣ гардид

Март 29
09:54 2017

Санаи 28 март   дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон  оид ба ҳаёти муҳоҷирони тоҷик ва табобати бемории сил дар байни онҳо ҳамоиш доир гардид. Дар ҳамоиш мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва муҳоҷирати Русия ва Тоҷикистон иштирок намуданд.
Парвина Мухторова, директори  «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаётисолим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, нишасти имрўза боташаббуси Ташкилоти байналмилалии муҳоҷиарат дар Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст.

Дар нишаст мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва муҳоҷирати Федератсияи  Россия ва ҶумҳурииТоҷикистон як силсила мавзўъҳои вобаста ба ҳаёти муҳоҷирони тоҷик ва табобати бемории сил дар байни онҳоро муҳокима ва баррасӣ менамоянд.  Дар чорабини гуфта шуд, агар ба миқёси паҳншавии бемории сил нигарем, ҶумҳурииТоҷикистон ба қатори 27 мамлакате, ки дар онҳо бемории сил дар сатҳи нисбатан баланд мебошад, ворид мешавад. Бинобар ин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои масъули он барои коҳиш додани сил дар кишвар, аз ҷумла дар байнb муҳоҷирони меҳнатӣ тамоми чораву тадбирҳоро меандешанд. Дар «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» шуъбаи масъалаҳои кор бо муҳоҷирони дохилӣ ва берунӣ амал мекунад, ки дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти байналмилалии муҳоҷиарат дар Тоҷикистон кор мебарад ва гуфтан мумкин аст, ки дар ин самт корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 63
  • 314
  • 109,818