“Масъалаҳои муҳими саратоншиносии муосир” мавзӯи конфронси илмию-амалӣ

“Масъалаҳои муҳими саратоншиносии муосир” мавзӯи конфронси илмию-амалӣ
Октябр 30
14:09 2017

Санаи  27 октябри соли равон     бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши мутахассисиони соҳаи саратоншиносӣ, муҳокимаи масъалаҳои муҳими соҳаи саратоншиносӣ аз ҷумла хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии беморони гирифтори саратон, дар толори  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон зери унвони  “Масъалаҳои муҳими саратоншиносии муосир” конфронси илмию-амалӣ доир  гардид.

Дар кори чорабинӣ  Азиз Одиназода  муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Зафар Ҳусейнзода директори Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳурияви илимии саратоншиносӣ, Махфират Хидирзода  муовини раиси вилояти Хатлон, Сайдулло Маллазода  сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, инчунин   зиёда аз  100 нафар меҳмонон аз вилояти Суғд, вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, иштирок намуданд.

Дар чорабинии мазкур масоили   хизматрасонии муосир ба беморони гирифтори бемории саратон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, ҳамзамон вобаста ба     бақайдгирии беморони саратон, ҷарроҳии таъҷилии беморони гирифтори саратон,    омилҳои мутобиқкунандаи сатҳи баланди гирифтори беморӣ дар байни аҳолӣ,    усулҳо ва мушкилоти табобати саратони фарогирифтаи ғадуди ширӣ,    табобати ҷарроҳии омосҳо дар кудакони навзод ва ровеъ ба дигар масъалаҳои муҳими соҳавӣ гуфташунид сурат гирифт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 2
  • 511
  • 392
  • 245,329