Масъалаҳои омодагӣ ба форум мавриди баррасӣ қарор гирифтанд (АКС)

Масъалаҳои омодагӣ ба форум мавриди баррасӣ қарор гирифтанд  (АКС)
Сентябр 12
11:47 2019

Имрӯз, 12 сентябри соли равон таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Шодихон Ҷамшед ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукоти Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон баргузор кардид.

Дар кори ҷаласа намояндагони вазоратҳои молия, фарҳанг, Академияи илмҳо, роҳбарони раёсат ва муассисаҳои  иҷтимоӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои омодагӣ ба баргузории форум, аз ҷумла омода ва пешниҳод намудани маърӯзаҳо, ташкил ва баргузор намудани намоишгоҳ ва барномаи фарҳангии форум мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пешниҳод нашудани маърузаҳо аз ҷониби бархе вазорат ва ниҳодҳои марбута изҳори нигаронӣ намуда, аз масъулини мақомоти марбута даъват ба овард, ки маводҳои хешро то вақти  муайянгардида  ба котиботи форум пешниҳод намоянд.

Қайд гардид, ки бояд маърузаҳои форум  тавре омода ва пешниҳод бишаванд, ки тавонанд дар пешгирӣ ва ҳалли масъалаҳои маъюбӣ дар кишвар саҳми назаррас гузоранд.

Ёдовар мешавем, ки 18 октябри соли равон дар Кохи “Наврӯз”-и шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон баргузор мегардад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 59
  • 294
  • 180,421