Маъюбон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳанд

Маъюбон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳанд
Феврал 11
13:51 2019

  “Ҳоло дар кишвар 149 ҳазор нафар шахсони маъюб, аз ҷумла 15 ҳазор нафар маъюбони гурӯҳи якум, қариб 27 ҳазор нафар маъюбони то 18-сола ва 71 ҳазор нафар ятимон умр ба сар мебаранд.

         Маблағи умумие, ки ҳар моҳ аз ҳисоби буҷети давлат танҳо ба ятимон пардохта мешавад, беш аз 12 миллион сомониро ташкил медиҳад.

        Мо дар оянда низ ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем”.

         Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои дастгирӣ, пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қишри осебпазирии ҷомеа, бахусус, маъюбон, бепарасторон, шахсони дорои имконияташон маҳдуд  мавқеи махсусро ишғол менамоянд. Яке аз зуҳуроти чунин ғамхорӣ ин 22 марти соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонида шудани Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон мебошад. Чунин иқдом аз ҷонибдорӣ ва дастгирии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон шаҳодат дода, барои баланд шудани обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд. Вобаста ба ин мавзуъ суҳбате оростем бо Абдулҳаким Холов директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

-Имрӯз дар ҷаҳон чӣ қадар маъюб ба қайд гирифта шудааст?

-Мувофиқи таҳлилҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар ҷаҳон беш аз 1 миллиард одамон яке аз навъҳои маъюбиро доранд, ки ин шумора 15%-и аҳолии курраи заминро ташкил медиҳад.

-Дар кишвари мо чӣ қадар кӯдакони маъюб ба қайд гирифта шудааст?

-Дар давоми соли 2018 ба Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва сохторҳои марбутаи он 12114 нафар кӯдак барои муқаррар намудани категорияи “маъюбӣ” муроҷиат намудаанд. Аз ин теъдод ба 11525 нафар категорияи “кӯдаки маъюб” муқаррар гардидааст, ки ин 95,1%-и муроҷиаткунандагонро ташкил додааст. Муроҷиати нахустмаротибаи кӯдакон: аз 4372 нафар кӯдакони нахустмаротиба муроҷиатнамуда ба 4230 нафари онҳо маъюбӣ муқаррар карда шудааст, яъне 96,7%-ро ташкил медиҳад.

-Ба назари Шумо омилҳое, ки ба маъюбии кӯдакон оварда мерасонанд, кадомҳоянд?

-Таҳлили маводҳои пешниҳодгардида собит месозанд, ки дар маҷмӯъ, бемориҳое, ки ба маъюбии кӯдакон оварда мерасонанд, асосан ин бемориҳои асаб, рӯҳӣ, узвҳои такягоҳ ва бофтаҳои мушаку пайҳо, чашм, шунавоӣ, дил, бемориҳои захмию осеббардорӣ ва дигар ҳолатҳои таъсири беруна мебошанд.

-Кадом барномаҳои давлатӣ дар кишвар вобаста ба дастгирии ҳуқуқии шахсони имконияташон маҳдуд ба тасвиб расонида шудаанд?

-Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор стратегия ва ҳуҷҷатҳои муҳимеро дар самти дастгирии ҳуқуқҳои маъюбон, шахсони имконияташон маҳдуд  ба тасвиб расонидааст, ки ин пеш аз ҳама Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии аҳолии маъюбон”, “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020”, “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи то соли 2020”, ба тасвиб расонидани ҳуҷҷат “Оид ба баёнияи мавқеъ нисбати маъюбон барои солҳои 2014-2019” бо номи “Саломатии беҳтар барои маъюбон бо мақсади бунёди ҷомеаи фарогир дар Тоҷикистон” ба имзо расонидани “Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон” аз ҷониби Пешвои миллат аз ҷумлаи онҳо маънидод мегардад, ки мақсади асосии онҳо таъмин намудани шароити мусоид барои маъюбон, беҳтар намудани вазъи тандурустӣ ва солимгардонии онҳо мебошанд. Ҳамчунин моҳи марти соли равон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ раҳмон дар шаҳои Ню-Йорки ИМА зери Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб имзо гузоштанд.

-Дар соли сипаригардида чанд нафар шахсони маъюб ва ё шахсони имконияташон маҳдуд бо роҳхатҳоисанаторию курортӣ  таъмин гардиданд?

-Соли 2018 ба масъалаҳои таъмин намудани маъюбон бо табобати санаторӣ-курортӣ аҳамияти бештар дода, дар мавсими истироҳатӣ ҳамаи муассисаҳои соҳавӣ фаъолияти пурсамар доштанд. Имрӯз дар системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 103 муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолону маъюбон ва кӯдакони имконияташон маҳдуд фаъолият доранд. Айни замон  дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ як Муассисаи давлатии “Осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати “Харангон”-и ноҳияи Варзоб” ва се “Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати “Дӯстӣ”-и ноҳияи Ҷайҳун”, “Истироҳатгоҳи табобатии  собиқадорони ҷангу меҳнати “Ромит”- шаҳри Ваҳдат ва “Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати “Биби Фотимаи Заҳро”-и ноҳияи Ишкошим бо филиалаш дар ноҳияи Роштқалъа (Занинс)” ба таври мавсимӣ фаъолият менамоянд. Соли 2018 аз ҷониби муассисаҳои истироҳатии соҳавӣ 1558 нафар бо роҳхат, 374 нафар роҳбалад ва 511 нафар ба таври шартномавӣ ва аз инҳо 807 нафар шахсони маъюб ва дар маҷмӯъ, 2443 нафар ба истироҳату табобат фаро гирифта шудаанд, ки аз ин 2443 нафар 807 нафарашон маъюбон мебошанд. Дар баробари ин, дар асоси талаботи шаҳру ноҳияҳо ба роҳхатҳои санаторию курортӣ дар соли 2018 ба маблағи зиёда аз 240 ҳазор сомонӣ роҳхатҳо ба санаторияҳои ҷумҳуриявӣ харидорӣ гардида, тибқи ҷадвали тақсимот ба бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастрас гардидаанд.

Ҷиҳати таъмини муҳити дастрас барои шахсони имконияташон маҳдуд аз ҷониби вазорат ва сохторҳои марбутаи он кадом  имтиёзҳо мавҷуд аст?

-Ҳамасола ба масъалаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон ва таъмини муҳити дастрас барои шахсони имконияташон махдуд аз ҷониби вазорат ва сохторҳои марбутаи он як қатор корҳо анҷом дода мешаванд. Бояд қайд намуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва сохторҳои марбутаи он аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ барои таъминоти ниёзмандон бо маҳсулоти протезию ортопедӣ ва воситаҳои тавонбахшӣ  923 адад аробачаҳои гуногуни маъюбӣ, 1796 адад асо, 645 асо барои нобиноён, 754 ҷуфт асобағал, 363 адад асобағал то оринҷ, 287 дона дастгоҳи шунавоӣ, 76 ортез ва 155 адад роҳравак ба ниёзмандон дастрас карда шудааст. Дар ҳамин замина, иҷрои нақшаи истеҳсолии Заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе бо филиалҳояш дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд ва Хорӯғ дар соли 2018 зиёда аз 120 фоиз иҷро ва ба маблағи 3 659 596 сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.

                                                                       Гулрухсори Маҳмадалӣ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 239
  • 212
  • 142,663