Мақоми худро бидон!

Мақоми худро бидон!
Декабр 06
12:58 2018

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ташкилоти байналмилалии “Духтурон бидуни марз” таҳти лоиҳаи  “ВНМО дар кӯдакон ва оилаҳои онҳо” дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон аз санаи 26 –уми ноябр то 1-уми декабри соли 2018 як қатор чорабиниҳоро роҳандозӣ намуд.

Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳои мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ва паст кардани тамғагузорӣ вобаста ба мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)  ва ҳамчунин дар асоси паёми ЮНЭЙДС ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасмандгардонӣ оид ба гузаштан аз ташхис зери унвони “Мақоми худро бидон”, ки ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам бахшида шудааст, дар бар гирифт.

Ташкилоти байналмилалии “Духтурон бидуни марз” аз соли 2016 дар шаҳри Кӯлоб фаъолият карда, ҷиҳати аз санҷиш ва ташхиси бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) гузаштани шарвандон тестҳоро таъмин мекунад ва инчунин оид ба табобати бемориҳои ҳамрадиф, пешгирӣ аз интиқолёбии сирояти ВНМО аз модар ба кӯдак, барномаҳои ғизо ва дастгирии иҷтимоӣ ба беморон (кӯдакон ва аъзоёни оилаи онҳо) кӯмак мерасонад.

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)   дар чор ҷамоати минтақаи Кӯлоб –Зиракӣ, Даҳана, Кӯлоб ва Зарбдор гузаронида шуданд. Илова бар ин, аз санаи 27 то 30 –юми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб аз тарафи ташкилоти байналмилалии “духтурон бидуни марз”ва Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и шаҳри Кӯлоб ва ҳамчунин Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим лентаҳои рамзии сурх ва варақаҳои иттилоотӣ  ба шаҳрвандон тақсим карда шуданд.

Аз санаи 28 –уми ноябр то 1 –уми декабри соли 2018 бахшида ба  Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)  бо дастгирии ташкилоти байналмилалии “Духтурон бидуни марз” ва дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи ҷавонон ва варзиш, Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и шаҳри Кӯлоб, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мусобиқаи футболи хурд ташкил карда шуд. Дастаҳое, ки  ғолиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд,  аз тарафи ташкилоти байналмилалии “духтурон бидуни марз” ва Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и шаҳри Кӯлоб  бо туҳфаҳо ва медалҳо сарфароз гардиданд.

Санаи 29 – уми ноябри соли ҷорӣ ташкилоти байналмилалии “Духтурон бидуни марз” дар ҳамкорӣ бо Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и шаҳри Кӯлоб, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази мубориза бар зидди бемории сил ва Маркази вилоятии мубориза бо нашъамандӣ дар ш. Кӯлоб ба донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ва Коллеҷи тиббӣ дар бораи нашъамандӣ ва пешгирии бемории вируси норасоии масунияти одам  маҳфили саволу ҷавобҳоро доир намуданд.

Рӯзи 1 –уми декабри соли равон дар саҳни  Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб бо дастгирии ташкилоти байналмилалии “Духтурон бидуни марз”, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ш. Кӯлоб ва дигар ташкилотҳои ғайридавлатии маҳаллӣ аз тарафи Маркази вилоятии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и минтақаи Кӯлоб “ Корвони саломатӣ” ташкил карда шуд, ки дар бораи  огоҳёбӣ, аз он ҷумла, машваратҳои қабл  ва баъд аз санҷишӣ, тестҳои оҷилии ройгон барои калонсолон ва кӯдакон, тақсимоти китобчаҳо ва  буклетҳо оид ба ВНМО ба роҳ монда шуданд.

Ташкилоти байналмилалии “Духтурон бидуни марз” оид ба вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар шаҳри Кӯлоб дар бораи роҳҳои интиқолёбии бемории мазкур, паст кардани тамғагузорӣ ва пешгирии интиқоли сироятёбӣ аз модар ба кӯдак  2300 дона брошюраро тақсим намуда ва дар рафти чорабинӣ 200 тестҳои оҷилиро ба шаҳрвандон тақсим намуд.

Дар доираи барномаи бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ташкилоти байналмилалии “Духтурон бидуни марз”таҷрибаҳои беҳтарини назорати сироятро дар муассисаҳои тиббӣ ҳамчун роҳи пешгирии интиқоли беморӣ дастгирӣ менамояд. Дар моҳи августи соли 2017 ва апрели соли 2018,  ташкилоти байналмилалии “Духутрон бидуни марз” дар Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯлоб ва Маркази вилоятии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и минтақаи Кӯлоб маконҳои нави безараргардонии партовоҳоро бо технологияи навтарини пешрафта барои идоракунии партовҳои тиббӣ ба истифода дод. Ташкилоти байналмилалии “Духтурон бидуни марз” сохтмони ин маконҳоро дастгирӣ намуда, ба кормандони тандурустӣ омӯзишҳо гузаронида, инчунин ба ин муассисаҳо маводҳо барои партовҳои тиббиро таъмин намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 167
  • 202
  • 134,361