Мизи мудаввар вобаста ба “Рӯзҳои иммунизатсия бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон”

Май 16
09:59 2017

Чанде қабл дар  Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ш. Қурғонтеппа мизи мудаввар вобаста ба “Рӯзҳои иммунизатсия бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон” баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо иштироки  мутахассисони соҳаи тандурустӣ, директорони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, намояндагони Раёсати талевизион ва радио, матбуоти вилоят, Раёсати маориф ва илми вилоят, Раёсати фарҳанги вилоят, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳи вилояти Хатлон ва Кумитаи кор бо занон ва оила сурат гирифт. Дар кори нишасти хабарӣ таъкид шуд, ки; “мақсади гузаронидани “Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”- ин таъмин намудани амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, пешгирӣ намудани гардиш ва интиқоли вируси сурхча ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, маҳв намудани бемориҳои сурхча, гулафшон ва пешгирии алоими гулафшони модарзодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”.

Ҳамзамон Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани “Рӯзҳои миллии иммунизатсияи иловагӣ зидди бемории сурча ва гулафшон” маводҳои иммунизатсионӣ, аз ҷумла ваксина мувофиқи талабот ба вилоят ворид  карда шуда, 3 намуд банерҳо, зиёда аз 6 намуд дастурмалҳои методӣ, доруқутиҳои тиббӣ барои бригадаҳо дастрас гардиданд.  Гуфта мешавад ҳамагӣ дар вилояти Хатлон 759 949 нафар аз он ҷумла дар минтақаи Қурғонтеппа 477 346 нафар ва минтақаи Кӯлоб 282 603 нафар ба иммунизатсия фаро гирифта мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки бемории сурхча – ин бемории шадиди сироятшаванда буда, аслан баландшавии ҳарорати бадан, газаки роҳҳои нафас, газаки милкҳои чашм ва холҳои папулёзӣ дар бадан хосиятҳои он мебошанд. Бемории сурхча ба нуқсон меоварад ва хеле хатарнок буда, метавонад ба фавт расонад.

Дар робита ба ин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии мамлакатро барои иштироки фаъол дар  Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват менамояд.

Хотиррасон менамоем, ки    “Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дирӯз 15  майи оғоз гардида то ба 26 майи соли равон идома хоҳад ёфт. Иммунизатсия байни кӯдакони синнашон аз 1 то 9 сола гузаронида мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 9
  • 531
  • 207,463