Мизи мудаввар дар доираи Барномаи дастгирии рушди нерӯи инсонӣ

Мизи мудаввар дар доираи Барномаи дастгирии рушди нерӯи инсонӣ
Июл 13
10:51 2018

Субҳи имрӯз дар меҳмонхонаи «Хаят Реҷенсӣ» воқеъ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, вобаста ба ҷамъбасти ҳисоботи Лоиҳаи кӯмаки техникии Иттиҳоди Аврупо оид ба “Барномаи дастгирии рушди нерӯи инсонӣ “Марҳилаи 2” мизи мудаввар баргузор гардид.

Мизи мудавварро Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ наммуда, дар кори он Дилором Содиқова,  ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходимон ва намояндагони Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсату шӯъбаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони шарикони рушд,   коршиносони байналмиллалӣ,  намояндагони ВАО ва дигар  шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

“Саҳми Иттиҳоди Аврупо дар раванди рушди соҳа”, “Иттиҳоди Аврупо, дурнамо ва қадамҳои минбаъда дар самти рушди соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ”, “Баррасии масъалаҳои “Идоракунӣ” ҳамчун омили калидии истифодабарии самараноки захираҳо ”, “Баррасии ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо дар раванди ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ”, “Баррасии масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” аз масъалаҳои аслие буданд, ки дар рафти мизи мудаввар маввриди омӯзиш қарор дода шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2020
ДСЧПҶШЯ
« ஏப்  
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 118
  • 715
  • 361,231