Мизи мудаввар оид ба натиҷаҳои мониторинг оиди татбиқ кардани Стратегияи Модаршавии бехавф

Январ 28
11:41 2014

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббус ва дастгирии лоҳаи USAID «Тандурустии босифат» мизи мудаввар оид ба натиҷаҳои мониторинг оиди татбиқ кардани Стратегияи Модаршавии бехавф дар ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Файзобод, Роғун доир гардид. Бояд зикр кард, ки бо маблағгузории лоиҳаи мазкур дар ин ноҳияҳо вазъи хизматрасонӣ ба модарону кӯдакон дар самти беҳдошти сиҳатии онҳо, бо иштироки мутахассисони соҳа назарсанҷӣ гузаронида шуд. Дар кори мизи мудаввар масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, ки дар самти ҳифзи сиҳатии модару кӯдак фаъолият доранд, роҳбарони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, сардухтурон ва мудирони шӯъбаҳои таваллудӣ ва солимии репродуктивии ноҳияҳои номбурда иштирок намуда, доир ба паҳлӯҳои мухталифи масоили ҳифзи сиҳатии модарону кӯдакон андешаву хулосаҳои хешро баён доштанд. Зимни сӯҳбат сари мизи мудаввар аз ҷумла қайд карда шуд, ки на ҳамеша роҳбарон ва табибон дар сатҳи кӯмаки аввалияти тиббиву санитарӣ ба занони ҳомила диққати ҷиддӣ медиҳанд, на дар ҳама шаҳру ноҳияҳои номбурда занон таҳти назорати доимии табибони минтақавӣ қарор доранд. Аз ин хотир ҳодисаҳое низ ба назар мерасанд, ки занҳо бо оризаҳои вазнин ба маркази ҷумҳурӣ оварда мешаванду табобати онҳо мушкилоти зиёдеро пеш меорад ва дар баробари ин хатаре ба модар ва кӯдаки навзоди ӯ таҳдид мекунад.
Аҳли нишаст роҳҳои ҳамкории самараноку судмандро барои ҳалли ин мушкилот, ба роҳ мондани робитаи доимӣ дар байни муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ андешаву пешниҳодҳои худро иброз доштанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 56
  • 314
  • 109,811