Мирҳамуддин Камолзода: Яке аз ҳадафҳои Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим паст намудани хатари фавти бармаҳал мебошад

Мирҳамуддин Камолзода: Яке аз ҳадафҳои Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим паст намудани хатари фавти бармаҳал мебошад
Октябр 07
12:30 2019

Дар замони муосир инсониятро бемориҳои зиёди сироятӣ ва табобатнашавандае таҳдид намуда, ҳамчун мушкилоти рӯз табибонро ба омӯзишу таҳқиқ ва пайдо намудани роҳи пешгирию муолиҷаи он водор сохтаанд. Бешак, яке аз ин бемориҳо ба фарбеҳии зиёд гирифтор шудани  аҳолӣ вобаста мебошад. Чун сухан дар бораи ин беморӣ ва махсусан оид ба масъалаи ба фаъолияти ҳамарӯзаи табибон вобаста меравад, месазад ёдовар шуд, ки имрӯз, душанбеи аввали моҳи октябр ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии табибонро таҷлил мекунанд.

Вобаста ба ин ва дигар тадбирҳое, ки бо мақсади пешгирии фарбеҳӣ дар Тоҷикистон анҷом дода шуданд, хабарнигори АМИТ «Ховар» Нарзулло АЛИЗОДА  бо муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ   Мирҳамуддин КАМОЛЗОДА  ҳамсуҳбат гардид. 

АМИТ «Ховар»: Муҳтарам  Мирҳамуддин Камолзода,  30 сентябр зимни баргузории маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2024» қабул гардид. Он паҳлӯҳои муҳими пешгириву табобати ин  бемориро фаро гирифта, ҳамзамон табибонро ба омӯзишу таҳқиқи ин масъала  водор месозад. Лутфан мегуфтед, ки зарурати қабули Барномаи мазкур  дар чист?  

Мирҳамуддин Камолзода: Лоиҳаи «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2024» маҳз бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим тавассути пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ, аз ҷумла фарбеҳӣ ва оқибатҳои он таҳия ва қабул гардид. Бояд зикр намуд, ки Барномаи мазкур дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Мақсади ин Барнома дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ба роҳ мондани ҳалли масъалаҳои бо вазни зиёди бадан ва бемории фарбеҳӣ алоқаманд барои мустаҳкам ва нигоҳ доштани саломатии аҳолӣ, паст намудани хатари маъюбию фавти бармаҳал,  баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ мебошад.

Зарурати таҳияи лоиҳаи қарори мазкур афзоиши бемориҳои ғайрисироятӣ мебошад, зеро фарбеҳӣ аз ҷиҳати фавту маъюбӣ дар ҷойи намоён меистад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тайи солҳои охир кам истеъмол намудани нахҳои ғизоӣ ва зиёд истеъмол кардани хӯрокҳои тезтайёру чарбдор, нӯшокиҳои газноки ширин, қандҳои одӣ ва намак ба сатҳи инкишофи бемориҳои музмини ғайрисироятӣ мусоидат кардааст.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло — таъсири манфӣ доштан ба нишондиҳандаҳои демографӣ, солимӣ ва иқтисодии мамлакат «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2024» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. 

АМИТ «Ховар»: Чун сухан дар бораи ин ё он беморӣ равад, бояд пеш аз ҳама, омилҳои асосии онро таҳлил ва муайян намуд. Яъне сабаби асосии фарбеҳиро дар чӣ арзёбӣ каран мумкин аст?

Мирҳамуддин Камолзода: Афзоиши бемориҳои ғайрисироятӣ яке аз омилҳои ҷиддии мусоидаткунандаи гирифтории инсон ба ин беморӣ – фарбеҳӣ мебошад.

Дар доираҳои илмии ҷаҳонӣ эътироф гардидааст, ки ҷараёни шаҳришавӣ (урбанизатсия) ва ҷаҳонишавӣ (глобализатсия)-и саноати хӯрокворӣ ва рушди иқтисод тайи солҳои охир дар ғизогирии аҳолӣ тағйироти назаррас ворид намуд. Он бо кам истеъмол  намудани  нахҳои ғизоӣ ва зиёд истеъмол намудани ғизоҳои тезтайёру чарбдор, нӯшокиҳои газноки ширин, қандҳои одӣ ва намак тасниф ёфта, ба сатҳи инкишофи бемориҳои музмини ғайрисироятӣ, аз ҷумла фарбеҳӣ мусоидат намуд. 

АМИТ «Ховар»: Мусаллам аст, ки ҳар беморӣ ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад. Ба андешаи Шумо фарбеҳӣ то чӣ андоза ба саломатӣ таъсиргузор аст ва тамоюли он дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Мирҳамуддин Камолзода: Маълумоти оморӣ нишон медиҳад, ки солҳои охир бемориҳои ғайрисироятӣ дар байни аҳолии Тоҷикистон тамоюл ба афзоиш доранд. Аз ҷумла, бемории фишорбаландӣ,  ишемиявии дил, диабети қанд ва дар ин замина пайдоиши оризаҳои сактаи дил ва майнаи сар тамоюли зиёдшавӣ ёфта, дар 70 – 85 фоизи онҳо фарбеҳӣ нақши муайян дорад. Чунин тамоюл нисбат ба бемориҳои саратонӣ низ ба мушоҳида мерасад.

Хатарҳои фарбеҳӣ, ки ба онҳо камҳаракатӣ, истеъмоли нодуруст ва аз меъёр зиёди ғизо, вазни барзиёди бадан шомиланд, дар Тоҷикистон афзуда, ба инкишофи бемориҳои гуногун мусоидат намуда, давомнокии умрро кӯтоҳ мекунанд; сабаби мубталошавӣ ба бемориҳои дилу рагҳои хунгард (фишорбаландӣ, ишемиявии дил), ниқрис, диабети қанди навъи 2, намудҳои алоҳидаи саратон (саратони ғадуди сина, аъзои ҳозима ва ғ.), пайдоиши бемории санги талхадон ва панкреатити музмин мегарданд.

Дар ин раванд тамоюли зиёдшавии фарбеҳӣ дар тамоми давлатҳо, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар расида, тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯйхати умумиҷаҳонии паҳншавии фарбеҳӣ ҷойи 128 – умро ишғол менамояд.

Натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон доданд, ки 17% аҳолии ҷумҳурӣ вазни зиёди бадан дошта, 11,3% аҳолии Тоҷикистон аз фарбеҳӣ азият мекашанд.

АМИТ «Ховар»: Мегӯянд, ки фарбеҳӣ хоси калонсолон аст. Оё гирифтории кӯдакон ба ин беморӣ ба назар мерасад?

Мирҳамуддин Камолзода: Мутаассифона, имрӯз ба назар мерасад. Зеро солҳои охир паҳншавии фарбеҳӣ дар байни кӯдакон ба масъалаи ташвишовар мубаддал гардидааст. Маълум аст, ки вазни зиёди бадан ва фарбеҳӣ дар кӯдакон ба инкишофи бемориҳои ғайрисироятӣ, аз ҷумла фарбеҳӣ дар синни балоғат оварда мерасонад. Дар натиҷаи тадқиқотҳои илмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки паҳншавии фарбеҳӣ дар байни кӯдакони 6 – 17 – сола 4,7%-ро ташкил медиҳад. Инчунин, маълум гардид, ки 43% кӯдакон ғизои ғайрисамаранок (ғайриратсионалӣ) истеъмол намуда, 84% онҳо бо фаъолияти ҷисмонӣ фаро гирифта нашудаанд.

Дар байни нафароне, ки аз мушкилоти мубодилаи мавод азият мекашанд, нисбат ба шахсоне, ки дар онҳо ин аломатҳо ҷой надоранд, гирифторшавӣ ба бемориҳои ишемиявии дил 3 – 4 маротиба, сактаи дил ва сактаи майнаи сар 3,5 маротиба бештар ба қайд гирифта, фавт аз бемориҳои дилу рагҳои хунгард дар занҳо 5 маротиба ва дар мардҳо 2 маротиба меафзояд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 150
  • 264
  • 211,285