Мониторинги вазъи воқеии соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ дар ҷумҳурӣ

Мониторинги вазъи воқеии соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ дар ҷумҳурӣ
Феврал 26
16:13 2019

26 феврали соли равон дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баррасии натиҷаи таҳлилҳо оид  ба истифодабарии Протоколи шаҳодатгардонии тиббии дастгиршудагон ва мониторинги муассисаҳои тиббӣ ва соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввар  муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Саида Умарзода, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятию байналмилалӣ, экспертони тиббӣ-судӣ ва намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар иштирок намуданд.

Саида Умарзода зимни баромади хеш қайд намуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа, инчунин Нақшаи миллӣ вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон ва Маърузаи дуюми миллии даврии  Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба татбиқи Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳварвандӣ ва сиёсӣ барои солҳои 2004-2016 аз 23 июли соли 2014, ба стандартҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ кардани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ ва дигар соҳаҳои тибро, ки фаъолияташон ба гузаронидани шаҳодатгардонии тиббӣ алоқамандӣ дорад, муҳим арзёбӣ мекунад.

-Дар ин самт Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста бо мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ-судӣ, инчунин  ташкилоти ҷамъиятии “Марказ оид ба ҳуқуқи инсон” як қатор чорабиниҳоро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла, дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ аз соли 2013 ташкил карда шуда, муқаррароти Протоколи Истамбулӣ тасдиқ карда шуд ва ба ҳайати он муовинони вазир ҳамчун роҳбари гурӯҳ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва инчунин роҳбарият, мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ-судӣ  шомил гардиданд ва самтҳои гуногуни масъаларо дар давраи корӣ мунтазам баррасӣ мекунанд,-афзуд ӯ.

Ҳамчунин дар баромади хеш С. Умарзода таъкид намуд, ки дар муддати фаъолияти гурӯҳи корӣ дар ин самт корҳои судманд ба анҷом расонида шудаанд.  Аз ҷумла  экспертони тиббӣ-судӣ барои омӯзиши таҷриба ба давлатҳои  дигар сафарбар гардида, барои баланд бардоштани малакаи корӣ дар самти гузаронидани экспертизаҳои тиббӣ-судӣ тибқи тавсияҳои муқаррароти Протоколи Истамбул, соли 2012 то айни замон зиёда аз 220 нафар мутахассисони соҳаи тиб барои бо шаҳодатгардонии тиббии ҷабрдидагон алоқаманд даврҳои омӯзиширо гузаштанд.

Қобили зикр аст, ки Мизи мудаввари мазкур бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои воқеӣ доир ба сатҳу сифати истифодашавии Протоколи шаҳодатгардонии шахсони дастгиршуда дар муассисаҳои  тиббии манотиқи  кишвар ба роҳ монда шуд.

Бояд гуфт, ки мониторинги муассисаҳои тиббӣ ҷиҳати ба иҷро расонидани чорабинии №3, қисми 4-уми Нақша-чорабиниҳои  гурӯҳи кории назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 30 октябри соли 2017, №938 тасдиқ гардидааст) бо мақсади иҷрои “Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсони тибқи расмиёти шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2018”, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2017,  №АП-901 тасдиқ  гардидааст,  ҷиҳати таҳлили  иҷроиши талаботи замимаи  №19 Фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №918 аз 01.11.2014 (Протоколи шаҳодатгардонии тиббии шахсии дастгиршудагон) барои гузаронидани таҳлили сифат ва вазъи истифодашавии Протокол дар муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ (Душанбе, Ваҳдат, Турсунзода, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд, Исфара, Истаравшан) дар асоси супориши муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.06.2018, №1-5/4342-4081 оид ба анҷом додани таҳлили сифат ва вазъи протоколи шаҳодатгардонии тиббии шахсони дастгиршуда ба иҷро расонида шуд.

Мониторинг дар доираи лоиҳаи “Амал ба манфиати озодӣ аз шиканҷа” бо дастгирии Иттиҳодияи Аврупо ва  Хазинаи Хелсин оид ба ҳуқуқҳои инсон  дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Марказ оид ба ҳуқуқи инсон” гузаронида шудааст.

Мониторинг бо тартиб додани пурсишнома иборат аз саволҳои мақсаднок барои санҷидани вазъи воқеии воридоти Протокол моҳи август ва сентябри соли 2018 дар муассисаҳои тиббии се минтақаи кишвар ба иҷро расонида  шуда, дар он ҳамагӣ 227 корманди тиб, аз ҷумла дар минтақаҳои вилояти Хатлон 70 нафар, Суғд 73 нафар, Душанбе бо  ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  84 нафар ҷалб шуда буданд.

Дар мизи мудаввар инчунин Русудан Бериашвили, коршиноси ташкилоти байналмилалии “Табибон барои ҳуқуқҳои инсон”, профессори соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ дар мавзуи “Таърихи қабули Протоколи Истамбулӣ. Ҳадаф ва вазифаҳо”, Парвина Наврӯзова, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқи инсон» дар бораи натиҷаи лоиҳаи “Амал барои манфиати озодӣ ва шиканҷа дар Тоҷикистон”, Хуршед Сангов, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ-судии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаи мониторинги муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба анҷом додани таҳлили сифат ва вазъи истифодаи Протоколи шаҳодатгардонии тиббии дастгиршудагон, Фурқат Ғаниев, директори Маркази экспертизаи тиббӣ-судии вилояти Суғд  доир ба натиҷаи таҳлили фарогири вазъи воқеии соҳаи экспертизаи тиббӣ- судӣ ва дурнамои рушд дар ҷумҳурӣ баромад намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 315
  • 697
  • 210,695