«Мо табибони ҷавон рисолати касбии худро ҳифз менамоем»

«Мо табибони ҷавон рисолати касбии худро ҳифз менамоем»
Апрел 03
17:37 2020

Таҳти унвони «Мо табибони ҷавон рисолати касбии худро ҳифз менамоем» имрӯз аз ҷониби аъзоёни «Иттиҳоди табибони ҷавон» дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» бо хонандагони як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоли Сомонии шаҳри Душанбе вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои беҳдошти шахсӣ, пешгирии бемориҳои гунонгуни сироятӣ, ҳамзамон дастрасӣ пайдо намудан ба маводҳои иттилоотии вобаста ба сирояти коронавирус мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Маврид ба зикр аст, ки  дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи ихтиёрии волонтиёрон таъсис дода шудааст, ки ҷиҳати таблиғи тарзи ҳаёти солим пайваста дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир менамояд.

Дар чорабинии мазкур ҳаштод нафар табибони ҷавон, волонтёрон иштирок доштанд ва тавонистанд дар як ваќти пешбинишуда бист муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияро фаро бигаранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2020
ДСЧПҶШЯ
« மே  
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 168
  • 44
  • 341,848