Муаррифии лоиҳаи “Мусоидат ба сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ тавассути баланд бардоштани маърифати расонаӣ, инъикоси муассир ва ҳамкориҳои минтақавӣ”

Муаррифии лоиҳаи “Мусоидат ба сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ тавассути баланд бардоштани маърифати расонаӣ, инъикоси муассир ва ҳамкориҳои минтақавӣ”
Май 03
06:31 2018

Санаи 2 майи соли 2018 дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсии шаҳри Душанбе маросими расмии оғози лоиҳаи “Мусоидат ба сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ тавассути баланд бардоштани маърифати расонаӣ, инъикоси муассир ва ҳамкориҳои минтақавӣ”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид. Дар ҳамоиши ифтитоҳии ин лоиҳа, ки аз ҷониби Internews амалӣ мегардад, рӯзноманигорону намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои маҳалливу байналмилалӣ ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.

Дар кори ҳамоиш намояндаи дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, директори Internews дар Тоҷикистон ва дигар шахсони масъул суханронӣ намуданд. Зимни суханронии худ, директори Internews дар Тоҷикистон Абдумалик Қодиров изҳор дошт, ки ин лоиҳа ба дастгирии ташаббусҳои миллӣ ва минтақавие равона шудааст, ки барои пешгирӣ аз ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунанд.

Ҳамзамон, директори лоиҳаи “Мусоидат ба сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ тавассути баланд бардоштани маърифати расонаӣ, инъикоси муассир ва ҳамкориҳои минтақавӣ” Фарҳод Раҳматов баромад намуда, ба ҳозирин самтҳои фаъолият ва ҳадафҳои лоиҳаро шарҳ дод. Зикр гардид, баланд бардоштани сифат ва шумораи иттилооти беғараз, ки барои пешгирӣ аз ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад, яке аз ҳадафҳои лоиҳа маҳсуб меёбад.

Қобили қайд аст, ки дар рафти ҳамоиш мушовири минтакавӣ оид ба журналистика Ирина Чистякова андешаву ғояҳояшро бобати лоиҳа бо иштирокдорон ба миён гузошта, вобаста ба ин аз ҷиҳату ҷанбаҳои фаъолияти журналистӣ иттилоъ дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2020
ДСЧПҶШЯ
« மே  
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 171
  • 138
  • 338,698