Муаррифии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯи барои модар ва кӯдак” (АКС)

Муаррифии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯи барои модар ва кӯдак” (АКС)
Август 09
15:24 2019

Имрӯз, 9 августи соли равон дар Муассисаи давлатии Душанбе Плаза оид ба оғози расмии татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯи барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд-0627-TAJ (SF) мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, ёрдамчии вазир Дилором Содиқова,  сардори шӯъбаи идоракунии Лоиҳа, бахши иҷтимоӣ, Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки осиёии рушд Эико Изава, роҳбари бахши идоракунии Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раза Фаррух, роҳбари Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон Марта Эверард, менеҷери Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” Исфандиёр Маҳмудзода, шарикони рушд, роҳбарони як қатор раёсат ва муассисаҳои зерсохтори вазорат, менеҷерони КАТС-и ноҳияҳои таҷрибавӣ ва рӯзноманигорон  иштирок намуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Насим Олимзода мизи мудавварро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла иброз намуд, ки таҷрибаҳо нишон доданд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Бонки осиёии рушд тавассути амалигардонии лоиҳаҳои гуногун, хусусан дар соҳаи тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба рушди самтҳои  гуногуни соҳа  мусоидат намуда истодааст.

-Бо истифода аз фурсати муносиб аз номи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории бепоёни худро ба Бонки осиёии рушд  барои дастгирии ҳамаҷониба дар татбиқи лоиҳа ва рушди устувори соҳаи ҳифзи саломатии модар  ва кӯдак  изҳор менамоям. Амалисозии лоиҳаи мазкур ба мисли  дигар лоиҳаҳои дар гузашта татбиқгардида  самарабахш хоҳад буд,-афзуд ӯ.

Бо мақсади самаранок ва мақсаднок истифода намудани маблағҳои инвеститсионӣ дар самти беҳтаркунии сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2018, №1169 “Дар бораи лоиҳаи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд амалисозии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзободи тобеи ҷумҳурӣ ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон оғоз гардидааст.

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд, Лоиҳаи “Хизматрасонии маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд 0627 – TAJ (SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, №1300 (ратификатсия) тасдиқ гардида, аз 29 марти соли 2019, №5-5-360 аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудаст.

Маблағи умумии Лоиҳа 35,2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз ин маблағ 3,2 миллион доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Амалисозии лоиҳаи мазкур аз 29 марти соли 2019 оғоз гардида, то 31  августи соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.

Дар идомаи мизи мудаввар сардори шӯъбаи идоракунии  Лоиҳа, бахши иҷтимоӣ, Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки осиёии рушд Эико Изава, роҳбари бахши идоракунии Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раза Фаррух, роҳбари Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марта Эверард баромад намуда, оид ба ҳамкориҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  бонк ва ташкилоти мазкур, инчунин, ҳадаф ва мақсади татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” суханронӣ намуданд.

Ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Содиқова оид ба амалисозии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” баромад намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки ҳифзи сиҳатии модарону кӯдакон дар сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат  ҷойи намоёнро ишғол намуда, он зери таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар идомаи мизи мудаввар менеҷери Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” Исфандиёр Маҳмудзода оид ба муаррифии лоиҳа, ҳадаф ва вазифаҳои он баромад намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки мақсади лоиҳа-беҳтаркунии хизматрасонии маҷмӯӣ дар самти ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон, тавассути беҳтаркунии банақшагирӣ ва тақвияти захираҳои инсонӣ бо таҳияи стратегияи банақшагирӣ ва тақсимоти дурусти кадрҳо барои ноҳияҳои зерҳадаф, вориднамоии системаи самараноки беморон байни кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва беморхонаҳо, ҳамгироии барномаҳои амудӣ ба сохтори кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, мукаммалнамоии системаи беҳтаркунии мутаасили сифат дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ ва таъсиси системаи назорати устодӣ, вориднамоии маблағгузорӣ дар асоси табобат дар беморхонаҳое дар ноҳияҳои зерҳадаф, мукаммалсозӣ ва беҳтаркунии инфрасохтор дар беморхонаҳо ва муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба туфайли сохтмон ва таъмири иншоотҳо, таъминот бо таҷҳизот ва мебели тиббӣ, беҳтаркунии системаи идоракунии таҷҳизот ва тақвияти иқтидори мутахассисон оид ба хизматрасонии техникии таҷҳизот дар ноҳияҳои зерҳадаф равона карда шудааст.

Лоиҳаи мазкур аз се марҳила иборат буда, марҳилаи якуми он “Беҳтар намудани хизматрасонии ҳамгироишудаи босифат оид ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак” мебошад, ки масъалаҳои зеринро дар бар мегирад: беҳтаркунии банақшагирӣ ва таҳкими иқтидори захираҳои инсонӣ тавассути таҳияи стратегияи банақшагирӣ ва тақсимоти кадрҳо, аз ҷумла тавассути омӯзиши кормандони КАТС ва хадамоти госпиталӣ оид ба ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон дар марказҳо ва муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ, таҳия, татбиқ ва назорати риояи низоми роҳхат барои расонидани хизматрасониҳои ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон ва омӯзонидани кормандон оид ба роҳҳои равонасозӣ ҳангоми ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон, таъмини кӯмаки техникӣ дар таҳия ва татбиқи низоми муттасили беҳтаркунии сифат, боздид ва таъмини риояи протоколҳои клиникии саломатии модарон ва кӯдакон, тариқи пилотӣ амалӣ намудани механизми маблағгузорӣ дар асоси табобат дар беморхонаҳое ки дар ноҳияҳои таҷрибавӣ ҷойгир мебошанд.

Марҳилаи дуюми лоиҳа “Такмил ва таҷдиди хизматрасониҳо дар самти ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон” ном дошта, он аз масъалаҳои зерин иборат аст: сохтмон ва таъмири беморхонаҳои марказии ноҳиявӣ ва марказҳои саломатии ноҳиявӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа, таъмин намудани беморхонаҳо ва муассисаҳои КАТС бо таҷҳизотҳо ва мебелҳои тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа, дастгирии таъсиси низоми идоракунии таҷҳизот тавассути таъмин намудан бо таҷҳизотҳо барои хизматрасонӣ ва таҳкими иқтидори мутахассисон оид ба идоракунии таҷҳизот дар иншоотҳои ҳадафие, ки дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа ҷойгир мебошанд.

“Баланд бардоштани сатҳи дониш дар самти саломатии модару кӯдак ва рафтори ба нигоҳдории саломатӣ нигаронидашуда”,-чунин ном гирифтааст марҳилаи сеюми лоиҳаи мазкур, ки масъалаҳои зеринро дар бар мегирад: баланд бардоштани иқтидори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» ва зерсохтори он дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа тавассути таҳия ва амалисозии нақшаи баланд бардоштани иқтидори кормандон, таҳкими иқтидори кормандони марказҳои саломатии тарзи ҳаёти солими ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа дар мавзӯи таҳияи нақшаи амалисозии чорабиниҳои коммуникатсионӣ барои тағйироти рафтор, мониторинг, арзёбӣ ва ҳисоботдиҳӣ, таҳияи тадқиқоти дониш, муносибат ва таҷрибаҳо, таҳияи стратегияҳои коммуникатсионӣ оид ба тағйири рафтор ва нақшаҳо татбиқ ва ба роҳ мондани мониторинг, гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳии ҷомеа барои беҳтаргардонии дониш оид ба ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон ва пешниҳоди грантҳои хурд ба ҷомеаҳо ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ барои тағйироти рафтор, рушди дастурҳои омӯзишӣ, маводҳои иттилоотӣ оид ба ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон, барномаҳои таълимӣ ва маводҳооид ба рушди малакаҳои машваратдиҳӣ барои кормандони соҳаи тандурустӣ ва аъзоёни ҷомеа.

Пас аз хотимаи мизи мудаввар оид ба фаъолияти лоиҳаи мазкур бо иштироки васеи рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он  ёрдамчии вазир  Дилором Содиқова, менеҷери Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” Исфандиёр Маҳмудзода ва сардорони як қатор раёсатҳои вазорат иштирок намуданд.

Дар нишасти матбуотӣ  рӯзноманигорон оид ба  паҳлуҳои гуногуни фаъолияти Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” саволҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби ёрдамчии вазир Дилором Содиқова ва менеҷери Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” Исфандиёр Маҳмудзода ба саволҳои хеш посухҳои мушаххас гирифтанд.

Гуфта шуд, ки сомонаи расмии Лоиҳаи “Хизматрасонии маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд 0627 – TAJ (SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.adbmch.tj) кушода шудааст, ки хоҳишмандон метавонанд оид ба фаъолияти лоиҳа маълумоти заруриро ба даст оваранд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 178
  • 231
  • 173,843