Муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо таҷҳизоти муосир таъмин гардиданд

Апрел 23
14:08 2019

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати пурзӯр намудани инфрасохтори соҳа корро идома дода, дар семоҳаи якуми соли 2019 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва инвеститсионӣ ба зиёда аз 55 муассисаҳои тандурустию ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар таҷҳизоти муосир, маҷмӯъҳои ҷарроҳӣ, автоклавҳо, оксигенераторҳо, инфузоматҳо, дастгоҳҳои сабти барқии дил, ташхиси ултрасадо, лавозимоти луобкашанда, маводҳои истифодаи яккарата, яхдонҳо, нақлиёти санитарии махсусгардонидашуда (амбуланс), автомашинаҳои сабукрави тамғаи «Нива»,  мошинаҳои боркашони махсусгардонидашуда, катҳо ва рахтҳои хоб ва ғайраро ба маблағи зиёда аз 90 миллион сомонӣ харидорӣ ва дастрас намуд.

Мавриди зикр аст, ки вазорат дар давоми соли 2019 таъмин намудани муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишварро бо зиёда аз 75 нақлиёт, аз ҷумла муассисаҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бо 7 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ, ки аз ҷониби Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дастрас мегарданд, ба нақша гирифтааст.

Бо қарори мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2018, №10-3 ба Беморхонаи вилоятии бемориҳои рӯҳии ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1 адад автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ (тамғаи «Авт 322174 – 1745 – 430469 – 66», соли бароришаш 2018), ба Беморхонаи марказии ноҳияи Ишкошим 1 адад автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ, ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоб 1 адад автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ ва ба Стансияи ёрии таъҷилии шаҳри Хоруғ 1 адад автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ ҳамчун кӯмаки башардӯстона аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон дастрас карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар соли 2018 бо дастгирии Бонки умумиҷаҳонӣ дар доираи Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» ба Маркази саломатии деҳотии Вранг 1 адад автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ ва Маркази саломатии деҳотии Зонг 1 адад автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ дастрас карда шуданд.

Инчунин, дар моҳи феврали соли ҷорӣ 7 адад нақлиёти тамғаи «Нива ВАЗ-21214» ва 2 адад нақлиёти боркашони махсусгардонидашуда аз ҳисоби гранти Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия (ГАВИ) ба марказҳои иммунопрофилактикаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шӯъбаи Хадамоти ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастрас гардиданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 32
  • 400
  • 190,076