Музаффар Раҷабзода: Мардум бояд дар паҳлуи табибон бошанд

Музаффар Раҷабзода: Мардум бояд дар паҳлуи табибон бошанд
Май 22
15:29 2020

Музаффар Раҷабзода, доктори илмҳои тиб, Директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил” мегӯяд, барои пешгирӣ аз сирояти коронавируси нави КОВИД-19 бояд мардум  ҳамаи он тавсияҳое, ки аз ҷониби табибон пешниҳод карда мешаванд, қатъиян риоя намоянд.

Ҳамзамон, номбурда аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ин рӯзҳо дар паҳлӯи кормандони соҳаи тандурустӣ бошанд, зеро дастгирии онҳо айни замон  аз табибон бағоят муҳим аст.

-Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба қайд гирифтани сирояти коронавируси нави КОВИД-19 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат баҳри пешгирии он тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуданд. Баъди ба қайд гирифтани бемории коронавируси нави КОВИД-19 дар мамлакат бо  дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ тамоми муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии  бемориҳои дил”  бо маводҳои доруворӣ, хӯрока ва  либосҳои муҳофизатӣ барои табибон таъмин карда шуданд. Роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил” тамоми кӯшиш ва талоши хешро ба он равона сохтаанд, ки сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббиро боз ҳам беҳтар намуда, ҷавобан ба дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат дар беҳтар намудани солимии аҳолӣ саҳми хешро гузоранд,-афзуд номбурда.

Маврид ба зикр аст, ки чанде қабл аз Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил” 182 нафар шаҳрвандоне, ки зери назорати духтурон қарор доштанд, ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни замон дар муассисаи мазкур 73 нафари дигар зери назорати табибон қарор доранд.

Дар ҷараёни рухсат шудан шифоёфтагон аз сатҳи хизматрасонии табибони муассиса изҳори қаноатмандӣ намуда, ба табибон ва роҳбарияти муассиса изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

-Давоми 14 рӯзе, ки дар ин муассиса қарор доштам,  гумон кардам, ки дар хонаи худам табобат гирифта истодаам. Табибони ин даргоҳ бениҳоят меҳрубон, ҳалим ва ғамхор  буданд. Бинобар ин, аз онҳо сидқан миннатдорам. Ҳазорон ташаккур мегӯям ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, ба табибони ин даргоҳ ки барои сокинони мамлакат чунин шароити мусоидро фароҳам овардаанд,-афзуд як тан аз шифоёфтагон.

Ҳамзамон, қайд намудан ба маврид аст, ки аз ҷониби афроди хайрхоҳ баҳри заҳмати шабонарӯзияшон дар табобати беморон  ба 81 нафар табибон, ҳамшираҳои  шавқат ва фаррошони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил“ маводҳои хӯрока кӯмак расонида шуд.

Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил” сармуассисаи махсусгардонидашудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки фаъолияти он ба пешгирӣ, ташхис, ва муолиҷаи бемориҳои дилу шараён, расонидани ёрии ташкиливу дастурӣ ба марказҳои кардиологии вилоятӣ, бахшҳои бемориҳои дилу шараён дар ноҳияҳо, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти соҳа ва тайёр намудани дилпизишкон равона карда шудааст. Марказ дорои 192 кат буда, аз сохторҳои зерин: бахши қайду-қабул ва дармонгоҳи машваратӣ, коргоҳи клиникиву-ташхисӣ, бахши реабилитатсия, бахши ташхис, бахши наҷот–12 кат, бахши сактаи дил-50 кат, бахши бемориҳои музмини ишемиявии дил–40 кат,  бахши фишорбаландии шараёнӣ–50 кат, бахши аритмия ва нуқсонҳои дил-40 кат иборат мебошад. Дар маркази мазкур 325,5 басти корӣ пешбинӣ шудааст, ки такмилият ба табибон ва ҳамшираҳои шавқат 100 %-ро ташкил медиҳад.

Дар марказ миқдори умумии  кормандон 272 нафар аз инҳо табибон 46 нафарро ташкил медиҳад. Дар марказ 5 нафар номзади илмҳои тиб ва 1 нафар доктори илмҳои тиб  фаъолият  менамоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2020
ДСЧПҶШЯ
« ஏப்  
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 37
  • 547
  • 358,976