Мукофоти асосӣ барои ҳамшира –дидани бемори табобатёфта мебошад.

Мукофоти асосӣ барои ҳамшира –дидани бемори табобатёфта мебошад.
Май 12
16:17 2018

Рӯзи байналхалқии ҳамшираи шафқат 12-уми май ҷашн гирифта мешавад, ки беҳтарин имконият аст барои сарфароз гардондани кори ҳамшираҳои шафқат дар Тоҷикистон ва тамоми ҷаҳон. Ҳамшираҳои шафқат ҷузъи ҷудонашавандаи ҳамаи гурӯҳҳо ва муассисаҳоитиббӣ ҳастанд ва аксар вақт дар таъмини хизматрасониҳои тиббӣ барои одамони ниёзманд пешқадам мебошанд. Дар ҳоле, ки корҳои зиёди ҳамшираҳои шафқат назарнорасмемонанд, ин ҳамшираҳо мебошанд, ки ёварони наздиктарини духтур ҳастанд, ва махсусан онҳо аксари вақт кӯмаки бевоситаро ба беморон дар вақти табобат таъмин мекунанд.

Ҳамчун ташкилоти байналхалқии тиббӣ ва башардӯстона«Духтурон бидуни марз» (Medecins Sans Frontieres) Ҳулланд (MSF-H) аз соли 2011 дар доираи лоиҳаҳои худ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВТҲИА ҶТ) ҳамкорӣ менамояд. MSF якҷоя бо ВТҲИА ҶТ барои ноил шудан ба ҳадафҳои таҳия ва татбиқи модели табобати ҳамаҷонибаи бемории сил (БС)-и кӯдакона дар Тоҷикистон кор мекунанд. Барномаҳои муштарак барои беҳтар намудани ташхис ва табобати кӯдакони гирифтори бемории сил дар доираи Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил равона шудаанд. Аз соли 2015 инҷониб,MSFдар ҳамкорӣ бо ВТҲИА инчунин кӯдакон ва аъзоёни оилаҳои онҳоро, ки гирифтори бемории ВНМО мебошанд, бо роҳи таъмин намудани муносибати ҳамаҷонибаи ин беморон дар шаҳри Кӯлоб дастгирӣ намуда истодааст.

Рӯз дар ҳаёти ҳамшираи MSF метавонад доираи васеъи фаъолиятҳоро дар бар гирад. Масъалан, ҳамшираҳои шафқат раванди усули ташхиси педиатриро сабук менамоянд, ки ин усул«илқои хилт» номида шудааст. Азбаски, кӯдакон наметавонанд мустақилона балғамро истеҳсол кунанд, чунин усул ба кӯдакон дар вуҷуд овардани балғам барои озмоиш кӯмак мекунад. Инчунин, ҳамшираҳои шавқат низ мунтазам доруҳои зидди бемории силро ба марказҳои табобати зери назорати бевосита (ТНБ) бурда мерасонанд ва ба хонаҳои беморон ташриф оварда, ҳангоми қабул кардани доруворӣ кӯмак

мекунанд. Дар вақти ташрифи марказҳои ТНБ, ҳамшираи шафқат санҷиши формаи мониторингро мегузаронад барои боварӣ ҳосил кардан, ки ҳуҷҷатгузорӣ ба таври дуруст ба роҳ монда шудааст ва он табобати саривақт аз рӯи ҷадвал гузашта истодааст. Илова бар ин, ҳамшираҳои MSF инчунин дар гузарондани омӯзишҳова инчунин омӯзондани дигар кормандони тиббӣ аз марказҳои саломатии оилавӣдар Душанбе кӯмак мерасонанд ва ҳамчунин иштирок менамоянд дар дарёфти фаъоли ҳодисаҳои бемории сил, ки тавассути методи «пайгирии шахсони тамосӣ»амалӣ мешавад – ин раванди дарёфт намуданва ташхиси шахсоне, ки эҳтимол дар тамос бо беморони гирифтори бемории сил буданд, мебошад.

Ба ибораи дигар, рӯз дар ҳаёти ҳамшираи шафқат хеле муҳим ва банд аст.

Ин кори осон нест, вале кори арзанда аст. Валоят Ғафурова, ҳамшираи MSF, мефаҳмонад, ки «ҳар як кӯдаке, ки аз

бемории сил табобат ёфтааст, як нишондиҳандаи хуби кӯшишҳои муваффақи мо бо ҳамшираҳои муассисаҳои тандурустӣ мебошад». Оиди панҷ соли кор дар MSF мулоҳиза намуда, В. Ғафурова гуфт: «Ман аз касби худ ифтихор дорам, зеро манн мебинам, ки робитаи ҳаррӯзаи мо бо беморон дар баланд бардоштани шаффофият, паст шудани эҳсоси шарм аз сабаби беморӣ, инчунин дар тақвият додани боварии хешу табор дар он, ки онҳо қисми як гурӯҳи бузург бар зидди бемории сил ҳастанд,кӯмак мерасонад».

Насиба Валиева, ҳамширае, ки ба MSF соли 2013 ҳамроҳ шуд, як қисми дастаи саҳроии мобилӣ мебошад, ки пеш аз ҳама ба нигоҳубини беморон дар кори ҳаррӯзаи худ аҳамияти зиёд медиҳад. Аз ин рӯ, ӯ хуб медонад мушкилиҳоеро, ки бо он беморон рӯ ба рӯ мешаванд ва инчунин ҳис менамояд умеди беморонро ба шифо ёфтан, ки ҳавасмандии ӯро ва риояи табобатро аз ҷониби беморон қавӣ мегардонад. Вай мегӯяд, ки «ҳамеша дар ҳама ҳолат роҳи ҳал вуҷуд дорад, агар шумо вазъияти беморро фаҳмед. Ман дар ёд дорам ду бародареро, ки табобати бемории силро дар беморхона оғоз намуданд». Дур будан аз ҷойи зист ва одат кардан ба муҳити нав барои беморон ва оилаҳои онҳо душвор мебошад. Н. Валиева ва гурӯҳи ӯ стратегияи табобатиеро таҳия карданд, то ки бародарон дар наздикии хонаашон табобат гиранд –чун ин усул «табобати амбулаторӣ» номида шудааст. Вай нақл менамояд, ки онҳо бо ҳамкоронашон вақти истеъмоли доруро барои бародарон тартиб доданд ва назорат мекарданд, ки онҳо доруҳоро сари вақт истеъмол намоянд: «Бародарон розӣ шуданд, ки ҳар рӯз соати 10:30 ба маркази ТНБ ташриф оваранд, вагарна ҳамшираи шафқат соати 12:00 ба хонаи онҳо меравад». Ҳоло бошад, вазъияти ин бародарон хуб аст ва то анҷомдиҳии табобаташон шаш моҳ мондааст.

Дар нақли Насиба Валиева он ҷидду ҷаҳд ва садоқат ба кори худ, ки ҳамшираҳои шафқат ва ҳамшираҳо дар кори ҳаррӯзаи худ нишонмедиҳанд, инъикосмеёбад. «Дар ҷустуҷӯи ҳалли масъалаҳо ва қабули қарорҳо иштирок намудан-ҳамеша ба ман ҳисси қаноатмандӣ меоварад,  зеро арзиши асосӣ–ин дидани муваффақияти бемороне, ки шифо ёфтаанд». Ҷустуҷӯ ва дарёфт намудани ҳалли масъалаҳо-ин як чизест, ки ҳамшираҳоро ва бародарони тиббиро барои расонидани ёрӣ ба беморони дар маркази таваҷҷӯҳбуда, ба ҳаракат медарорад. Имрӯз, дар Рӯзи байналхалқии ҳамшираҳои шафқат моминнатдории бепоёни худро барои миссияи наҷибонаи кормандони пуртоқати соҳаи тиб ва садоқати онҳо ба беморони худ, мерасонем.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


 border=
 border=

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 278
  • 616
  • 32,430