Мулоқот бо устоҳои халқии хатнагар

Мулоқот бо устоҳои халқии хатнагар
Октябр 01
12:49 2018

Дар Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон мулоқоти роҳбарияти Сарраёсат бо устоҳои халқии хатнагар сурат гирифт.

Чуноне аз маркази матуботии Сарраёсати номбурда хабар доданд, мақсад аз ташкили ин мулоқот ташвиқу тарғиби дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сӯҳбаташ рӯзи 1 сентябр дар Донишгоҳи давлати тиббӣ ба номи Абуалӣ ибни Сино доданд, мебошад.

Дар ин мулоқот, ки беш аз 20 нафар устоҳои халқии хатнагар, сардори Сарраёсат Маҳмадҷон Абдулқодирзода, директори Маркази ташакули тарзи ҳаёти солим Ҳаким Худойбердиев ва дигар мутахассисони соҳа иштирок доштанд.

Маҳмадҷон Абдулқодирзода ва Ҳаким Худойбердиев зимни сӯҳбат изҳор доштанд, ки мақсад аз январи 2019 манъ кардани гузаронидани хатна аз тарафи устоҳои халқи ин пешгирии паҳншавии бемориҳои сирояти аз ҷумла гепатит ва бемории норасоии масъунияти бадан мебошад.  Ҳамчунин қайд карда шуд, ки ҳангоми гузаронидани хатна дар беморхонаҳо табибон имкон доранд чандин беморие, ки аксаран пушида мемонанд ва ба ояндаи писарбача таъсири манфии худро мерасонанд, ошкор карда мешавад ва ба табобат фаро гирифта хоҳад шуд.

Дар навбати худ устоҳои халқи низ изҳор доштанд, ки бо дастгири аз сиёсати роҳбари давлат ва ба хотири солимии аҳолӣ минбаъд фаъолияти худро қатъ намуда ҳамчунин байни мардум корҳои фаҳмондадиҳи хоҳанд бурд.

Абдулқодирзода дар ҷамъбасти мулоқот ба иштирокдорон ба хотири ҳамкори дар самти бурдани корҳои фаҳмондадиҳи изҳори сипос намуда қайд кард, ки мардум бояд бидонад, ки имрӯз ҳукумати кишвар дар тамоми беморхонаҳои марказию минтақави ҳуҷраҳои хатна ташкил намудааст. Ва ин хизматрасони то 22 рӯза шудани писарбачаҳо ройгонаст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 55
  • 314
  • 109,810