Мусоҳибаи Насим Олимзода бо Pressa.tj вобаста ба вазъи воқеъии коронавирус дар Тоҷикистон (видео)

Мусоҳибаи Насим Олимзода бо Pressa.tj вобаста ба вазъи воқеъии коронавирус дар Тоҷикистон (видео)
Апрел 07
07:56 2020

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар суҳбати рӯ ба рӯ воқеияти коронавирус дар Тоҷикистон ва чораҳои пешгирии онро шарҳ дод.

Аз ҷумла, вазири тандурустӣ зимни суҳбат ба «Pressa.tj» гуфт, ки имрӯз дар Тоҷикистон ягон нишонаи коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Вазир як  нафарро, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов гӯё  аз коронавирус ба  марг расидааст, бепоя хонда, чунин шарҳ дод: “Ин хабар асос надорад. Воқеан, ин нафар 10-12 рӯз пеш бо ташхиси илтиҳоби шуш бистарӣ шуда буд. Мо 30-юми март аз ин бемор ташхиси коронавирусро гирифтем, хушбахтона, он тасдиқи худро наёфт. Зимнан, ҳамасола 3000-3500 нафар дар Тоҷикистон аз бемории илтиҳоби шуш ё ба ибораи тиб пневмания ба ҳалокат мерасанд”.

Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ баъд аз Туркманистон ягона кишварест, ки аз бемории коронавирус эмин  мондааст.  Ба саволи “Кадом омилҳо боис  шуданд, ки дар Тоҷикистон коронавирус нест?” вазири тандурустӣ Насим Олимзода чунин ҷавоб гуфт: “Тамоми шаҳрвандоне, ки вориди кишвар шуданд, новобаста аз ҳарорати бадан, аломатҳои беморӣ доштан  ё надоштан, мо пурра онҳоро ба карантин фаро гирифтем. Тибқи тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ  карантин 14 рӯз пешбинӣ шудааст. Умуман, 20-25 фоиз онҳое, ки гирифтори коронавирус ҳастанд, аломат надоранд. Инро аломати бесинтомӣ мегӯянд. Аллакай метавонанд, ки ҳамончун сироятёфта ба дигарон сироят расонанд. Имрӯз мо озмоишгоҳи сатҳи баланди байналмилалӣ дорем. 8 нафар вирусологҳои кишварро барои дақиқ кардани коронавирус дар Маскав омӯзонидем. Мо  22 нафарро дар озмоишгоҳҳои худамон аз ташхис гузаронидем. Барои муқоиса лозим донистем, ки намунаи онҳоро ба шаҳри Лондон фиристем. Хушбахтона, дар шаҳри Лондон низ набудани коронавирус дар ин нафарон тасдиқи худро ёфт”.

Ҳамзамон, қайд намудан ба маврид аст, ки шоми дирӯз, 6 апрели соли равон вобаста ба вазъи воқеъии коронавирус дар Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода тариқи телевизиони Тоҷикистон баромад намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2020
ДСЧПҶШЯ
« மே  
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 57
  • 204
  • 341,562