Муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам масъалаи муҳими ҳайати мушовара

Муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам масъалаи муҳими ҳайати мушовара
Сентябр 21
13:16 2018

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ҷаласаи ҳайати мушовараи навбатии Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Рафти баргузории ҷаласаи мазкурро вазири тандурустӣ ва хифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа роҳбарӣ намуда,  дар кори он муовинони вазир, сардорони раёсатҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва намояндагони муассисаҳои зертобеи вазорат, сардорон ва сармутахассисони Раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Таҳлилу баррасии  ҷараёни иҷрои “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020”, таҳлили вазъи воқеии хизматрасонии тиббӣ дар соҳаи стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рўй дар ҷумҳурӣ, таҳлили вазъи воқеии хизматрасонии тиббӣ дар самти ташхис, табобат ва назорати дармонгоҳии бемориҳои  дил ва ҷарроҳии дил дар ҷумҳурӣ, дар бораи ҷараёни амалисозии «Барномаи миллии рушди донории хун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019 аз мавзӯъҳои аслие буданд, ки дар кори ҷаласа мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар  ҷаласаи ҳайати мушовараи ин ниҳод, вобаста ба беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ дар соҳаи стоматология ва ҷарроҳии ҷогу руй, таблиғ, фаҳмондадиҳӣ ва аз байн бурдани гирифторони бемории ВНМО, паст намудани бемориҳои сактаи дил ва ҷарроҳии дил дар ҷумҳурӣ, рушди донории хун ба шахсони масъул дастуру супоришҳои мушахас дода шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 17
  • 300
  • 179,771