Муҳокимаи парламентӣ оид ба бемориҳои сироятӣ

Муҳокимаи парламентӣ оид ба бемориҳои сироятӣ
Июл 04
08:20 2019

 Таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Фарҳод Раҳимӣ муҳокимаи парламентӣ «Оид ба вазъи паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо дар доираи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар он аъзои Маҷлиси миллӣ, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба ­масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, молия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ­назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, муассисаҳои давлатии «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ», «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам», «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил» ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Фарҳод Раҳимӣ зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустиро яке аз самтҳои афзалиятнок дар сиёсати пешгирифтаи Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон эътироф намуда, дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти он ки саломатии мардум шарти муҳимтарини пешрафти мамлакат мебошад, ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба тандурустии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад».

Маҳз дар заминаи ин сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат дар кишвар ҳар сол даҳҳо муассисаи нави тандурустӣ, ки дорои таҷҳизоти замонавии тиббӣ мебошанд, ба истифода дода шуда, маб­лағгузории соҳа меафзояд.

Бо мақсади иҷрои Нақшаи кори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019, ки бо Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2019 бобати таҳлили раванди татбиқи тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ «Оид ба вазъи паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо дар доираи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид, қарори муҳокимаи парламентии зикршуда ва тавсияҳои онро барои чораҷӯӣ ба вазорату кумитаҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия ва вилоятҳо ирсол кардем, — изҳор дошт номбурда.

Бино ба гуфти Фарҳод Раҳимӣ, новобаста аз он ки ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, назорати манбаи шабакаҳои обтаъминкунӣ дар сатҳи истифода аз имкониятҳои мавҷуда қарор ­дошта бошад ҳам, барқароркунии озмоишгоҳҳои бактериологӣ ва серологӣ, дастрасӣ ба лавозимоти ташхисию безараркунанда ҳалли пурра наёфтаанд. Мебояд бо қабул намудани санадҳои дахлдор масъулият дар ин самт мушаххасу бештар ва мушкилоти мавҷуда рафъ шавад. Ба ин монанд таъмини ваксинаҳо (танҳо 25 фоизи ваксинаҳо аз ҳисоби буҷет харидорӣ мегарданд) нокифоя буда, норасоии мутахассисон (эпидемиологҳо, иммунологҳо, табибони кӯдакона, кормандони миёнаи тиб) мавҷуд аст. Илова бар ин, амалӣ намудани Барномаи миллии иммунопрофилактика аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ беҳбудӣ мехоҳад.

Зарур ва ногузир аст, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату кумитаҳои дахлдор, шарикон оид ба рушд, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ лоиҳаи қонун бобати табъиз ва тамғагузорӣ нисбат ба шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ва фароҳамсозии шароити мусоид барои ташхис, корҳои профилактикӣ, табобат, азнавбарқарорсозӣ ва нигоҳубини махсуси онҳо таҳия гардад.

– Бо усулҳои дар ин маврид пешбинишуда таваллуди тифл аз ҳомиладорони мубталои ВНМО низ аз масъалаҳои ҳалталаби қонунгузорӣ мебошад. Зеро тифл дар батни модари мубталои ВНМО то замони таваллуд солим аст ва бо усули махсус ба дунё омадани он имкон медиҳад, ки солим монад. Мутаассифона, на ҳама модарони гирифтори бемории ВНМО барои ба таври сунъӣ таваллуд намудани фарзандон розӣ мешаванд. Бинобар ин зарур аст, ки ҳуқуқи солимии тифлҳои таваллудшаванда тибқи қонун ҳимоя карда шавад, — зикр кард Фарҳод Раҳимӣ.

Муовини вазири тандурус­тӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзомуддин Камолзода зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, тарбияи кадрҳои баланд­ихтисос, тарғиби тарзи ҳаёти солим, беҳтар намудани сифати дорувориҳо ва танзими воридоти маводи дорувории қалбакӣ ва молҳои тиббии пастсифат, рушди саноати дорусозӣ аз гиёҳҳои ватанӣ, таъмири муассисаҳои тиббии мавҷуда ва бунёди бунгоҳу дармонгоҳҳои нав, инчунин таъминоти онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ супориш дода, тавсеа бахшидани фаъолиятро дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ пайваста таъкид менамоянд.

– Солҳои охир дар муқоиса бо солҳои 1990 — 2011 гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ дар як сатҳ қарор гирифта, тамоюли устувори коҳиш­ёбии бемории сироятии сил, бо ваксина идорашаванда ва раванди муътадили сироятёбӣ ба вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошавии норасоии масуният (ВИЧ/СПИД) ба назар мерасад. Ин вазъро ташкилотҳои байналмилалӣ низ мусбат арзёбӣ намудаанд.

Бояд зикр кард, ки бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи бемории сил дар кишвар идорашаванда буда, фавти беморон ду маротиба (аз 6,8 то 3,5 нафар ба 100000 нафар аҳолӣ) коҳиш ёфтааст.

Бино ба иттилои муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзомуддин Камолзода, дар ин давра дастрасии аҳолӣ ба ташхиси бемории сил бо истифода аз таҷҳизоти муосир таъмин шуда, доруҳои зиддисилӣ сари вақт ба беморон дода мешавад. Инчунин инфрасохтор барқарор, муассисаҳои замонавӣ бунёд гардида, кормандони соҳа ва алоқамандон бо барномаи омӯзишӣ фаро гирифта шудаанд.

– Нишондиҳандаҳои паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар муқоиса бо дигар мамлакатҳо дар кишвар паст аст. Барои мисол ҳолатҳои гирифторшавӣ ба вараҷа ангуштшумор буда, шумораи беморони гирифтори гепатитҳо ва гелминтозҳо тағйирёбанда мебошад. Дар асоси супориши Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Точикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, «Барномаи мубориза бо бемориҳои тропикӣ (вараҷа) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010», «Барномаи миллии боздошти интиқоли бемории вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» амалӣ гардида, дар се соли охир гирифторӣ ба бемории вараҷа ба қайд гирифта нашудааст, — зикр кард ӯ.

– Ҳолати эпидемикии сирояти ВНМО дар кишвар «эпидемияи ҷамъшаванда, яъне марҳилаи консентратсионӣ» арзёбӣ гардида, паҳншавии он бештар дар байни гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, аз ҷумла, нашъамандони тазриқӣ, шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ, мардони ҳамҷинсгаро ба мушоҳида мерасад. Эътироф бояд кард, ки дар даҳсолаи охир сироятёбӣ ба ВНМО паҳн гардида, сироятёфтагон қариб дар ҳама шаҳру ноҳияҳо ба қайд гирифта шудаанд. Бояд зикр намуд, ки ба шахсони бо ВНМО зиндагикунанда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табобати зиддиретровирусии ройгонро бо сифати баланди ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ кафолат додааст. Айни замон дар ҷумҳурӣ 320 ташхисгоҳ баҳри дарёфти хулоса дар робита ба ВНМО, 42 дастгоҳи ташхиси иммуноферментӣ (ИФА), 3 дастгоҳи муайянкунии таҷзияи занҷираи полимеразӣ, 11 дастгоҳи скрининги сил ва муайянкунандаи сатҳи сарбории вирусӣ (Gian Expert) ва 7 дастгоҳи муайянкунии ҳуҷайраҳои CD 4 фаъолият доранд. Инчунин, барои сари вақт муайян намудани сироятёфтагон бо ВНМО дар байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ 51 ҳуҷраи хизматрасонӣ ташкил шудааст. Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Барномаи пешгӯикунандаи «Спектрум» (Ташкилоти ЮНЭЙДС) соли 2015 дар мамлакат тақрибан 16300 нафар бо сирояти ВНМО зиндагӣ менамуданд, ки 62,5 дарсади онҳо оид ба сироятнок будани беморӣ огоҳӣ надоштанд. Дар натиҷаи беҳтар намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, маърифатӣ ва ташхисӣ дар байни аҳолӣ нишондиҳандаҳо соли 2017 хеле беҳтар гардида, мувофиқи баҳодиҳии ташкилоти мазкур теъдоди тақрибии шахсони бо ВНМО зиндагикунанда аз 62,5 то 47,3 фоиз коҳиш ёфт, — гуфт Мирҳамуддин Камолзода.

Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмамадзода изҳор дошт, ки Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти иҷтимоӣ дошта, ҳар сол 50 дарсади маблағ ба ин самт, аз ҷумла, соҳаи тандурустӣ, равона мегардад.

– Вазорати молия кӯшиш менамояд, ки ҳар сол маблағгузориро ба муассисаҳое, ки барои пешгирии бемориҳои сироятӣ фаъолият мекунанд, зиёд гардонад. Масалан, барои муассисаҳои мубориза бар зидди бемориҳои сил соли 2017, агар 34,9 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, имсол қариб 51 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Барои бемориҳои тропикӣ бошад, 6,5 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Маблағгузорӣ барои бемории СПИД ҳам зиёд гардида истодааст. Вобаста ба имконоти Буҷети давлатӣ кӯшиш дорем, ки маб­лағгузориро зиёдтар ба нақша гирем, — зикр кард ӯ.

Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Муҳаммадюсуф Имомзода изҳор дошт, ки ҳар як давру замон бемориҳои навро ба вуҷуд оварда, дар танҳоӣ гирифтани пеши роҳи онҳо душвор аст.

– Бо мардум зиёдтар кор кунем ва маърифати мардумро баланд бардорем, то тавонанд, ки худро муҳофизат кунанд, — зикр кард ӯ.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Бойгонӣ

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 25
  • 196
  • 165,636