Назорати гепатитҳои вирусӣ тақвият меёбад

Назорати гепатитҳои вирусӣ  тақвият меёбад
Июл 27
08:37 2019

              28 июл-Рӯзи ҷаҳонии пешгирии  гепатит

Имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пешгирии гепатит, ки ҳамсола дар сар то сари олам 28 июл қайд карда мешавад, дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он Намояндаи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ Марте Эверард, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, Директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”  иштирок намуданд.

Дар рафти чорабинӣ таъкид гардид, ки солҳои охир ошкорсозӣ ва бақайдгирии гепатитҳои вируси дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд гардидааст, ки ин ҳама натиҷаи баланд шудани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ, беҳтар шудани фаъолият ва корбарии марказҳои тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ, бештар ва сифатан хубтар шудани таҳлилҳои озмоишгоҳӣ (ҳам давлатӣ ва хусусӣ) мебошанд. Инчунин дар тамоми зинаҳо: муоинаи тиббии давравии табибон, муоинаи мактаббачагон, никоҳшавандаҳо, ҳомиладорон, муоинаи ҳатмии пеш аз амалиётҳои ҷарроҳӣ, дандонпизишкӣ ва ғайраҳо ворид гардидааст, ки ин ҳам сабаби баланд шудани сатҳи ошкорсозии гепатитҳо мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи беморони гирифтори гепатитҳои вирусӣ, ки яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб рафта, мавриди нигаронии соҳа қарор дорад, аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», бо қарори Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ лоиҳаи «Таъсиси Маркази мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ» маъқул дониста шуда, дар доираи Созишнома байни вазорат ва ҷамъияӣи дорои масъулияташ маҳдуди «Тоҷикиноватсия», ки лоиҳаи мазкурро амалӣ месозад, дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маркази мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ фаъолият намуда истодааст ва ҳуҷраҳои маркази мазкур дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат марҳила ба марҳила ба фаъолият шурӯъ мекунанд.

Дар ин рӯз ба шаҳрвандон барои аз ташхис ва муоинаи ройгон гузаштан аз ҷониби Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” тамоми шароит муҳайё карда шуд.

Тавре аз Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба мо иттилоъ доданд, ташхиси гепатитҳои вирусӣ дар асоси протоколҳои Ташкилоти умумҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) ва дигар ташкилотҳои байналмиллалӣ (ESAL-ҷамъияти Аврупоии омӯзиши ҷигар, AASLD-ҷамъияти Амрикоии омӯзиши ҷигар) бо истифода аз дастгоҳҳои муосири ҳозиразамон гузаронида мешавад: таҳлилҳои озмоишгоҳи биокимиёвӣ, вирусологӣ (муайян намудани маркерҳои HВsAg, HBeAg, анти-НВе, анти-HBcor-IgM, анти-HbsAg, анти-HbeAg, вокуниши занҷирӣ полимеразӣ(ПЦР); гузаронидани ташхиси фаросадо (УЗИ), фиброскан ва биопсияи ҷигар.

Бояд қайд намуд, ки дастгоҳи фиброскан бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз соли 2015 фаъолият менамояд. Инчунин, ба ҳама беморон гузаронидани ташхиси эластографияи ҷигар ройгон буда, айни ҳол тавассути фиброскан ба 20000 бемор хизмат расонида мешавад.

Эмгузаронӣ: Бояд гуфт, ки муқобили гепатити В ва ваксинатсия зидди гепатити А дар байни кӯдакон ва гурӯҳи хатар дар тамоми ҷумҳурӣ танҳо дар Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ ба роҳ монда шудааст.

Табобати беморони гирифтори гепатити музмин ва сиррози чигари вирусӣ бо доруҳои нави зиддивирусӣ: Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 барои табобати беморони гепатитҳои музмини В 200 қуттии тенофовир  ва гепатитҳои С 200 қуттии (Софосбувир 400 мг, Даклатасвир 60 мг ) барои маъюбон ва камбизоатон дастрасӣ гардид. Ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхису табобат ба коҳиши дараҷаи беморӣ, маъюбӣ ва марги беморони гирифтори бемориҳои музмини диффузии ҷигар мусоидат менамояд. Дар оянда камшавии (тахминан 50%) нуфузи беморони сиррози ҷигар ва карсиномаи гепатоселлюларӣ дар натиҷаи табобати таъсирноки зиддивирусӣ ва пурра солим гардонидани беморони гепатити музмин дар назар гирифта шуда, натиҷаҳои иқтисодии он якчанд миллион сомониро ташкил хоҳад дод.

Бояд гуфт, ки гепатитҳои вирусӣ ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд:  «А», «В», «С», «Д», «Е», «F», «G». Гепатитҳои вирусии «А» ва «Е» бемориҳои шадиди сироятии вирусӣ буда, бо роҳҳои фазладаҳонӣ бо зарарёбии ҷигар, испур ва пайдошавии аломатҳои заҳролудии он бо варами ҷигар пайдо гардида, дар ватани мо танҳо 5 намуди он (А, В, С, D ва E) муайян карда мешаванд.

Гепатитҳои «В» ва «С» бемориҳои шадиди сироятии вирусӣ буда, бо задани ягон чизи бегона ва бо вариантҳои гуногуни клинико-патогенетикӣ мегузаранд, ки ҷигар ва испурч зарар ёфта, варам мекунад.

Гепатитҳои вирусӣ яке аз мушкилотҳои ҷиддии соҳаи тандурустӣ дар ҷаҳон ба шумор рафта,  айни замон гирифторони ин беморӣ дар саросари олам зиёд шуда истодаанд.

Дар асоси тадқиқоти Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» паҳншавии гепатити В дар байни аҳолии калонсолон аз 4 то 6% ва гепатити С аз 3 то 5%-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки паҳншавии генотипҳои гепатити вируси С дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби генотипи 1б, 2а ва 3а дида мешаванд.

Ҳоло 95-100%-и беморони гирифтори гепатити музмини С пас аз табобат бо доруҳои нави зиддивирусӣ пурра табобат мешаванд. Шахсони гирифтори гепатити В таҳти назорати диспансерӣ қарор гирифта,  вобаста аз вазъи фаъолияти ҷигар ва миқдори вирус давра ба давра табобати зидди вирусӣ мегиранд.

Бино ба гуфтаи мутахассисони соҳа, гепатити шадид бисёр вақт бо нишонаҳои зерин сар мешавад: камқувватӣ, мондашавӣ, баланд шудани ҳарорати бадан, зардшавии склераи чашму пӯст, ранги зарди баланди пешоб ва берангшавии ахлот.

Аммо, гепатити музмин аксаран бе зуҳуроти клиникавӣ ҷараён меёбад ва танҳо ташхиси озмоишгоҳӣ онро ошкор менамояд.

Одами солим бояд барои пешгирӣ аз ин беморӣ ҳамеша  дастонашро шӯяд, оби ноҷӯшидаро истеъмол накунад. Инчунин, волидонро зарур аст, ки кӯдакони навзодро дар таваллудхона  ё ин, ки дар дармонгоҳҳо ваксинаи зидди вирусҳои гепатит гузаронанад. Агар дар хона ё ҳамсояҳо бемории гепатити вирусӣ пайдо шавад, бояд атрофиён аз бемор эҳтиёт бошанд. Бо маҳлулҳои хлордошта безарар гардонидани асбобу анҷоми хона, сару либос, рафти хоби бемор ва асбобҳои тиббии дар бемор истифодашуда дар ин ҳолат зарур ва ҳатмӣ буда, риояи чунин ҳолатҳо барои пешгирии ин беморӣ бисёр муфид мебошанд.

Қобили зикр аст, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз гепатитҳои вирусӣ  таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, масъалаи мазкур зери назорати махсуси роҳбарияти вазорат қарор дорад.

Аз ҷумла санаи 13 июли соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода зимни ҷамъбасти нимсолаи вазорат бори дигар таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба пешгирии гепатитҳои вирусӣ  ҷалб намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки дар ин самт бо “Маркази мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ”, ки дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шудааст, ҳамкории густурдаро ба роҳ монанд.

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 286
  • 352
  • 188,436