Назорати тақсимоти маводҳои доруворӣ пурзӯр мешавад

Назорати тақсимоти маводҳои доруворӣ пурзӯр мешавад
Май 16
18:07 2020

Бегоҳии имрӯз, 16 майи соли равон дар доираи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-ковид-19 ҷаласаи навбатии ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории коронавируси нави  КОВИД-19  баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Саида Умарзода, Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, роҳбарони муасисаҳои зерсохтори вазорат ва ҳамзамон ба тариқи онлайн сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва роҳбарони беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи навбатии ситоди вазорат масъалаҳои назорат ва табобати беморони COVID-19, таъмини беморхонаҳо бо маводҳои доруворӣ ва зиддивирусӣ, назорати қатъии тақсимоти маводҳои тиббӣ  мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Аз ҷумла, ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки назорати тақсимоти маводҳои дорувориро ба муассисаҳои тандурустӣ зери назорати қатъӣ қарор бидиҳад.

Дар идомаи ҷаласа директорони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва матбуоти вазорат Парвина Мухторова ва Эмомалӣ Мирзоев оид ба фаъолияти марказҳои хеш  ҳисобот доданд.

Вобаста ба маъӯрузаҳои зикршуда супориш дода шуд, ки бояд ҳарчи бештар корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирии бемории  COVID-19 тариқи ВАО боз ҳам чонноктар  карда шавад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2020
ДСЧПҶШЯ
« ஏப்  
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 81
  • 547
  • 359,020