Насим Олимзода бо Катрин Оллерс татбиқи лоиҳаҳо дар самти иҷтимоиро баррасӣ карданд

Насим Олимзода бо Катрин Оллерс татбиқи лоиҳаҳо дар самти иҷтимоиро баррасӣ карданд
Май 30
10:21 2017

Дар шаҳри Бонн 26 май мулоқоти Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода бо ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Германия  оид ба ҳамкории молиявӣ-иқтисодӣ хонум Катрин Оллерс баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот Насим Олимзода ба ҷониби олмонӣ барои дастгирии пайваста дар рушди бахшҳои иҷтимоии Тоҷикистон, бахусус бахши тандурустӣ изҳори миннатдорӣ намуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки алҳол дар Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи молиявии кишвари Ҷумҳурии Федераивии Германия  лоиҳаҳо дар самти ҳифзи модару кӯдак, пешгирии бемории сил, таҷҳизонидани беморхонаҳо бо таҷҳизоти пешрафтаи олмонӣ амалӣ мегарданд. Ҷонибҳо ҳамкории мутақобилан судманди ҳарду кишвари дӯстро муҳим арзёбӣ карда, омодагии худро ҷиҳати минбаъд низ амалӣ намудани лоиҳаҳо дар самти иҷтимоӣ, алалхусус соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ изҳор намуданд.

Ҳамзамон дар шаҳри Франкфурти соҳили Майни Германия  мулоқоти Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо директори минтақавии Бонки рушди Германия (KfW) Олаф Зимелка баргузор гардид, ки зимни  он масъалаҳои вобаста ба лоиҳаҳое, ки бо дастгирии Бонки рушди Германия дар соҳаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон амалӣ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар мулоқотҳо Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Германия Маликшо Неъматов низ иштирок намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 367
  • 1,000
  • 246,770