Натиҷагири аз нашри нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку”

Натиҷагири аз нашри нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку”
Январ 17
06:54 2018

Имрӯз дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бо мақсади натиҷагири намудан аз нашри нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку” таҳти унвони  “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку”: тадбиқ ва дурнамо” нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Нишасти матбуотии мазкур зери роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода сурат гирифта, дар кори он намояндагони Парлумони кишвар, кормандони сохторҳои ҳукуматӣ, мутахассисони байналмиллалӣ аз Федератсияи Руссия, Ҷумҳурии Молдавия, инчунин намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки нашри нави  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку” санаи 02 январи соли равон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида, мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин натиҷагирӣ намудан аз нашри нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку” маънидод мегардад.

Қобили қайд аст, ки қабули нашри нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку” зери таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, мақсад аз қабули шарҳи нав кам намудани истеъмоли маҳсулоти тамоку миёни аҳолии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи солимии миллат мебошад.

Шарҳи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку” ба талаботи байналмиллалӣ, бахусус Конвенсияи Қолабии Ташкилоти умумиҷаҳонии Тандурустӣ мутобиқ гардонида шуда, дар тадбиқи он гурӯҳи калони корӣ иборат аз намояндагони  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни Парлумони кишвар, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 63
  • 314
  • 109,818