Натиҷагирӣ аз лоиҳаи таъмини об дар Тоҷикистон

Натиҷагирӣ аз лоиҳаи таъмини об дар Тоҷикистон
Ноябр 15
06:18 2018

Дирўз дар Маҷмааи  “Душанбе- Плаза”  ҷаласаи  натиҷагирии  лоиҳаи озмоишии “Нақшаи таъмини бехатарии об” (НТБО)   баргузор гашт.

Дар ҷаласаи мазкур Мирҳамуддин Камолзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Султон Раҳимзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Игор Поканевич, Роҳбари намояндагии ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Шмолл Оливер, намояндаи минтақавии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тоҷикистон (ТУТ), Олмон ва намояндагони шарикон оид ба рушд ширкат варзиданд.

Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи иҷрои лоихаи «накшаи таъмини бехатарии об» гуфт бо тартиб додани нақшаи хос барои таъмини аҳолӣ бо оби тоза дар навоҳии Тоҷикистон ин лоиҳа амалӣ шуд. Ў афзуд  бахусус дар ҳашт ҷамоати озмоишӣ дар ноҳияҳои Айнӣ, Данғара, Файзобод, Фархор ва Варзоб НТБО  сифати оби нўшокӣ ба меъёрҳои санитарӣ мувофиқ гардонида  шуд.

Зимнан М. Камолзода аз созмонҳои байналмилалие,  ки дар татбиқи ин лоиҳа саҳм гузоштанд, изҳори ташаккур кард.

Шмолл Оливер, намояндаи минтақавии ТУТ, Олмон низ миннатдории худро ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва ширкати фаъолона дар амалишавии лоиҳаи озмоишии “Нақшаи таъмини бехатарии об” баён кард ва афзуд, ки дар оянда ҳамкориро  бо ин ниҳод васеъ ба роҳ хоҳанд монд.

Бояд гуфт, ки лоиҳаи “Нақшаи таъмини бехатарии об ва мониторинги босамари сифати об дар деҳоти Тоҷикистон”  аз моҳи июли соли 2016 оғоз гардида, соли ҷорӣ ба итмом расид. Лоиҳа бо кумаки молиявии Ҳукумати Финландия тавассути Барномаи финии идоранамоии об (FinWaterWEII) дастгирӣ ёфт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2020
ДСЧПҶШЯ
« மே  
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 165
  • 44
  • 341,845