НАХЛИ НАХУСТИНИ ҲОМИЛАДОРКУНИИ СУНЪӢ САМАР ДОД

Январ 17
10:17 2013

Имрўз дар Душанбе  нахустин тифлоне ки дар раҳми модари худ тавассути ҳомиладоркунии сунъӣ  пайдо шуда буданд, бадунё омаданд. Тифлакони дугоник, ки ҳарду аз ҷинси марданд, дар Пажўҳишгоҳи тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон чашм ба олами ҳастӣ кушоданд. Тавре директори пажўҳишгоҳ Шамсиддин Қурбонов арз дошт, ҷарроҳии буриши қайсар бо муваффақият анҷом дода шуда, вазни кўдаки аввал 2 кг 750 гр. ва дуввумӣ 2 кг 595 гр, аст. Вазъи саломатии онҳо ва модарашонро табибон хуб арзёбӣ мекунанд. Тибқи гуфтаи мавсуф модари хушбахт ва фарзандонаш пас аз як ҳафтаи будубош дар муассисаи мазкур ба таври нақшавӣ аз он рухсат дода хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳомиладоркунии сунъӣ баҳори соли 2012 дар маркази тиббии «Насл» анҷом дода шуд. Амалиёти мазкур сирф нисбат ба ҳамсарони ақди никоҳи расмӣ дошта амалӣ карда мешавад.  Тоҷикистон пас аз Ҷумҳурии Қазоқистон дар Осиёи Миёна, дуввумин давлатест, ки ҳомиладоркунии сунъиро (экстракорпоралӣ) бо саъю  эҳтимоми донишмандону мутахассисони тоҷик бо муваффақият  роҳандозӣ намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


 border=
 border=

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 204
  • 382
  • 47,537