Нахустин тадқиқоти миллии тиббӣ-демографӣ

Ноябр 21
11:34 2013

Душанбе, Тоҷикистон, 20-уми ноябр соли 2013 – Имрӯз дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар ки ба эълони натоиҷи тадқиқоти миллии тиббӣ – демографӣ барои соли 2012 бахшида шуда буд, доир гардид.

Тадқиқоти умумимиллӣ аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ шуда, тавассути Aгентии омории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳанги бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гаштааст. Ҳадафи аслии ТТД ҷамъ кардани маълумот оид ба саломатии модару кӯдак, зуроварӣ дар оила, фаҳмиши мардум аз бемориҳои ВНМО/АНМО ва сил иборат аст. Тадқиқоти мазкур зиёда аз 6,400 хонаводаро дар бар гирифта, бо 9,600 занҳои аз 15 то 49 мусоҳиба анҷом дода шуд.

Дар чорабинии имрӯза, мудири шӯъбаи тандурустӣ оид ба масоили занон ва оилаи Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Бобохоҷиева, муовини аввали Вазири Тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Ҷобирова, директори Агентии омор Бахтия Муҳаммадиева, Сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиотт, Роҳбари ҳайати минтақавии USAID оид ба кишварҳои Осиёи марказӣ сафир Джонатан Эдлтон ширкат варзиданд. Намояндагони соҳаи тиб зимни баромадҳои худ аз вазъи сиҳатии модару кӯдак, танзими оила, риояи фосилаи таваллуд, фавти навзодону кӯдакон, ғизои солим, хавфи ҳомиладории барвақтӣ ва дигар масоили мубрам ибрози андеша намуданд.

Натоиҷи ТТД ва маълумоти иловагӣ роҷеъ ба тадқиқоти мазкур дар ояндаи наздик дар торномаи расмии Агентии омор http://www.stat.tj ва Барномаи USAID оид ба гузаронидани Тадқиқоти миллӣ – демографӣ http://www.measuredhs.com гузошта мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=