Нашри 13 ҳазор нусха маълумотнома ва тавсияҳои ТУТ оид ба паст кардани хатари сирояти коронавирус

Нашри 13 ҳазор нусха маълумотнома ва тавсияҳои ТУТ оид ба паст кардани хатари сирояти коронавирус
Феврал 12
07:17 2020

Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 ҳазор нусха маълумотнома ва тавсияҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба паст кардани хатари сирояти коронавирус барои шаҳрвандон нашр ва ба муассисаҳои тандурустӣ тақсим карда шуд.

Иқдоми мазкур бо мақсади ҳарчи бештар огоҳонидани аҳолӣ аз сирояти мазкур ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироятшавӣ ба он мебошад.

Бояд гуфт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус назоратро дар тамоми нуқтаҳои гузаргоҳӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалии  мамлакат пурзӯр намуда, дар ин самт шабонарӯзӣ фаъолият дорад.

Айни замон беш аз 900 нафар шаҳрванди аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон воридгардида дар беморхонаҳои сироятии мамлакат таҳти назорати табибон қарор доранд. Хушбахтона, то кунун дар миёни онҳо сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Тибқи маълумотҳои ахир, шумораи фавтидагон аз сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Мардумии Чин аз ҳазор гузашта, ҳамзамон, теъдоди сироятшудагон ба беш аз 42 ҳазор нафар расидааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 129
  • 392
  • 244,947