Нақл аз забони шоҳид: Мирсаид чӣ гуна аз бемории КОВИД-19 шифо ёфт?

Нақл аз забони шоҳид: Мирсаид чӣ гуна аз бемории КОВИД-19 шифо ёфт?
Май 20
08:04 2020

Бемории коронавируси нави COVID – 19, ки имрӯз дар сартосари ҷаҳон паҳн шуда, боиси сироят ёфтан ва фавти ҳазорон инсонҳо гардидааст, ахиран ба кишвари мо ҳам омад. Мутаассифона, имрӯз сарусадоҳои зиёд ва хабарҳои беасосу овозаҳои тарсовар вобаста ба ин беморӣ  шаҳрвандони моро ба таҳлука андохта истодааст. Барои равшанӣ андохтан ба ҳақиқати ин беморӣ ва роҳҳои пешгирии он бо рӯзноманигори ҷавон Мирсаид Сатториён, ки ӯ мубталои ин вирус шуда буд ва хушбахтона баъди табобат ба пуррагӣ шифо ёфт, суҳбате оростем, ки фишурдаи он пешниҳоди хонандагон менамоем:

Сараввал ба шумо тансиҳатӣ орзу мекунем ва хеле хурсандем, ки аз ин беморӣ шифо ёфта ба назди волидайни хеш баргаштед. Бигӯед, ки айни ҳол худро чӣ гуна эҳсос мекунед?

– Баъди аз беморхона ҷавоб шудан табобатро дар хона зери назорати табиби оилавӣ идома додам. Муҳлати карантин ҳам, ки 14 рӯз муқаррар шуда буд, ба поён расид. Айни ҳол саломатиам хуб аст ва худро нағз эҳсос мекунам. Нишонаҳои беморӣ ҳам аллакай ба пуррагӣ нест шудаанд ва дигар аз чизе шикоят надорам.

Кай ва чӣ гуна аз ин  вирус сироят шудед?

– Рӯзи 13 апрели соли равон бо як сафари корӣ ба вилояти Суғд рафта будам. Масири роҳи сафари ман шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон, Истаравшан ва Панҷакентро дарбар мегирифт. Ин сафар 5 рӯз тӯл кашид ва баъди анҷоми он ба пойтахт омадам. Шаб дер расидам. Ҳолатам хуб буд. Пагоҳаш дарс рафтам ва баъд аз он ба кор. Ҳамин тавр, давоми як ҳафта мунтазам ба дарсу кор мерафтам. Рӯзи 24 апрел дар вақти дарс вазъи саломатиам бад шуд. Аз устод ҷавоб гирифта ба берун баромадам. Оҳиста – оҳиста саломатиам беҳтар шудан гирифт. Баъди дарс ба кор рафтам. Дар корхона аҳволам хуб буд. То бегоҳ чун ҳаррӯза кор кардам. Баъди анҷоми кор ба хона рафтам. Шаб саломатиам хуб буд.

Субҳи шанбе вақте аз хоб хестам, аҳволам хуб набуд. Ба дарс рафта натавонистам. Сарам дард мекард. Маҷоли аз ҷой хестан надоштам. Дилам беҳузур мешуд ва дар қисми поёни ишкамам дард эҳсос кардам. Вақте аз ҷой хестам, сарам чарх заду афтидам. Субҳ тавассути телефон ба рақами 511-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ занг зада, нишонаҳои бемориамро гуфтам. Суроғаамро навишта гирифтанд ва гуфтанд, ки нақлиёти “Ёрии таъҷилӣ” мефиристанд, аммо тасмим гирифтам, ки худам меравам. Рост ба беморхонаи “Истиқлол” омадам. Вақте ба қабулгоҳ муроҷиат кардам, гуфтанд, ки бояд шушҳоямро рентген кунам ва ҷавоби ренгенро ба онҳо орам. Баъди ренген кардан, дар хулоса аломатҳои бронхопневмония навишта шуда буд. Такроран ба қабулгоҳ омадам. Онҳо ташхисро дида, гуфтанд, ки вазъам хуб нест ва бояд бистарӣ шавам. Ҳамин тавр, маро дар ошёнаи 1 – уми қисми 5Б бистарӣ карданд. Рӯзи якшанбе буд.

Ҳамшира омада ҳароратамро санҷид, ки баланд буд. Дору доданд. Дертар табиб омад. Нишонаҳоро пурсид. Чизе, ки буд, гуфтам. Баъдан, ба ман дору мегузарониданду сӯзандору мекарданд. Хӯрдану нӯшидани аксар ғизоҳоро манъ карданд. Аз ҷумла, хӯрокҳои биринҷӣ, тухмбирён, равғани зард, донагӣ, нӯшокиҳи хунук ва монанди ин.

Баъдан тест супоридам. Ба хотири натарсиданам натиҷаашро нагуфтанд. Аммо ман аз чизе наметарсидам, чунки медонам, ки вақте одам метарсад, вирус ба ӯ бештар таҳдид мекунад. Фаҳмидам, ки сироят шудаам. Табиб тавсия дод, ки оби лимӯро бо оби ҷӯшида омехта карда нӯшам. Инчунин, ҳамшираҳо тез-тез ҳароратамро месанҷиданду дору медоданд ва сӯзандору мекарданд.

Саҳар барвақт аз хоб хестам. Сарам дард намекард. То бегоҳ аҳволам беҳтар шуд. Баъди ҳашт рӯзи табобат пурра шифо ёфтам. Табибон дигарбора ташхис карданду аз беморхона ҷавобам доданд. Ҳозир хубам ва аз чизе шикоят надорам.

Кадом роҳҳои табобат ба шумо кӯмак карданд то зудтар шифо ёбед?

– Доруҳоямро сари вақт мехӯрдам. Сӯзандоруҳоямро ҳам ҳамшираҳо дар вақташ мегузарониданд. Тез-тез оби ҷӯшомада ё лимӯчой менӯшидам, чунки ҳалқам хушк мешуду гулӯям мехорид. Баъд мураббои олучаро ба чой андохта, менӯшидам. Тавсияҳои табибонро пурра ва саривақт иҷро мекардам. Дасташон дард накунад, ки беҳтарин муносибат доштанд.

Имрӯз сару садоҳо нисбат ба шароити беморхонаҳо ва муносибати табибон дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд аст. Аксарият хизматҳои онҳоро нодида гирифта истодаанд. Чун шумо дар беморхонаи Истиқлолбистарӣ будед, бигӯед, ки шароити хизматрасонӣ ва муносибати табибон бо шумо ва умуман дигар беморон чӣ гуна буд?

– Табибон дар ин шабу рӯз ҷони худро ба хатар гузошта, ба беморон эҳсоси баланди ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Онҳо беҳтарин қаҳрамонанд. Касе, ки ин ҷонфидоии онҳоро нодида мегирад, нохалаф аст. Зеро, дар сангари мубориза муқобили ин вируси ҳамагир маҳз табибон дар сафи пеш истодагарӣ доранд.

Табибон ва ҳамшираву фаррошони беморхонаи “Истиқлол”, ки ба мо хизмат мерасониданд, беҳтарин муносибатро бо беморон доштанд. Мегӯянд, ки “сухани хуши табиб ҳам беморро шифо мебахшад”. Воқеан, ҳамин ширинзабонӣ ва сухани хуби табибон буд, ки мо дардро камтар ҳис мекардем. Ҳар замон омада, аз ҳоламон мепурсиданд. Дар як ҳуҷра мо ду нафар мехобидем. Ҳуҷраамон ҳамеша тоза буд. Фаррош тез – тез оби ҷӯшонидашуда меовард, чунки бисёр ташна мемондем. Ҳамшираҳо саривақт доруҳоямонро мегузарониданд. Ман ба ҳамаи табибони ин беморхона ва маҷмӯан ба кулли кормандони соҳаи тандурустии кишвар миннатдории самимӣ баён менамоям. Онҳо дар ҳақиқат қаҳрамони асри моянд.

Ба ҳамватанон чӣ гуфтаниед?  Чӣ бояд кард, то ки аз сироятёбӣ ба ин вирус эмин монанд?

– Пеш аз ҳама тарсидан лозим нест, чунки нотарсӣ худ беҳтарин дору муқобили ин вирус аст. Баъдан, риоя кардани қоидаҳои гигиенӣ ва беҳдошт ба салоҳи кор аст. Ҳатман дастҳоро бо собун шуста, бо маҳлули антисептикӣ безарар кардан лозим аст. Бе зарурат набояд аз хона баромад. Инчунин, падару модар  бояд ба кӯдакон бештар таваҷҷӯҳ намоянд. Онҳоро беназорат нагузоранд. Дар ин вазъият аз рафтан ба меҳмонӣ худдорӣ кардан даркор аст. Кӯшиш кунанд, ки бо даст салом накунанд, зеро вирус ин тавр метавонад ба каси дигар сироят кунад. Хоҳиш мекунам, ки ба таҳлука дода нашаванд. Ин вирус гузаранда аст ва умед дорам, ки он ба наздикӣ нест мешавад. Худ ва наздиконашонро аз хатари сироятёбӣ ҳифз кунанд.

Ташаккури зиёд барои суҳабти самимӣ ва тавсияҳои муфид. Бароятон саломатӣ мехоҳем!

Ташаккур! Худатонро эҳтиёт кунед.

Мусоҳиб: Насимҷон МИРЗОЕВ]

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2020
ДСЧПҶШЯ
« ஏப்  
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 33
  • 547
  • 358,972