На ҳама бемории роҳи нафас зуком аст

Июл 16
15:25 2014

Баробари пайдо шудани сулфа ё атса, дарди гўшу гулў ё рафтани оби чашму бинӣ ҳатман ба ҳамдигар мегўем, ки «зуком шудаӣ». Вале набояд фаромўш кард, ки ин ҳама нишонаи танҳо зуком нест ва метавонад бемориҳои шадиди роҳи нафас низ бошад. Пас зуком чист? Онро чӣ тавр метавон пешгириву табобат кард. Дар ин хусус сўҳбати мо бо мутахассис.

 

Эшонқулова Гулноза Абдуқаҳҳоровна

Соли 1975 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омадааст. Соли 1999 ДДТТ хатм намуда, ду сол ординатураи клиникиро дар Пажўҳишгоҳи илми тадқиқотии акушерӣ-гинекологӣ ва перинатологии Тоқикистон гузаштааст. Соли 2007-2008 курси бозомўзӣ оид ба тибби оилавиро гузашта, айни ҳол муовини директор оид ба тибби оилавии маркази саломатии шаҳрии №2 шаҳри Душанберо ба ўҳда дорад.

 

 

Зуком чӣ гуна беморист ва сабаби асосии гирифторӣ ба он дар чист?

Зуком бемории вирусӣ буда давомнокии он ду ҳафта, яъне 14 рўз аст. Мо дар ин муддат онро табобат кунем ҳам мегузараду табобат накунем ҳам мегузарад, вале фарқияташ дар он аст, ки агар онро табобат кунем пурра нест мешавад, вале агар табобат накунем нишонаҳои аввал ё худи бемории зуком мегузараду оризаҳояш боқӣ мемонанд. Бештар илтиҳоби шуш, илтиҳоби пардаи гўш, ки онро патит ҳам мегўянд, бронхити шадид аз ҷумлаи оризаҳои зукоманд, ки метавонанд шакли музминро гиранд. Сабаби асосии беморшавӣ суст шудани қувваи муҳофизатии организм аст. Чун қувваи муҳофизатӣ суст шуд, қисми инсон ба ҳамагуна беморӣ, аз ҷумла ба зуком низ  зуд-зуд гирифтор мешавад. Аз ин хотир аввал бунияи инсонро бояд мустаҳкам кард. Зуком бештар дар ҳавои намӣ, фаслҳои зимистону баҳор пайдо мешавад. Ҳамчунин шамоли дутарафа метавонад сабаби беморшавӣ гардад.

Тафовути зуком аз бемориҳои роҳи нафас дар чист ва чӣ  нишонаҳо аз беморӣ дарак медиҳанд?

Дар ҳар ду ҳолат  ҳам таби баланд, дарди сар, дарди гулў, обравӣ аз чашму бинӣ, гирифтани димоғ ва сулфа пайдо мешаванд. Фарқ дар он аст, ки ҳангоми зуком ҳамин дардҳо шакли вазнинтарро мегиранд. Ҳамчунин ҳангоми зуком  дарди мушаку устухон ё буғумҳо авҷ мегиранд, ки ин нишона ҳангоми бемориҳои шадиди роҳи нафас дида намешаванд. Дар давоми 3-4 рўзи аввал хурўҷи беморӣ ба назар мерасад ва пас аз рўзи 4-5ум вазъияти бемор то андозае ба эътидол меояд  ва боз дар рўзҳои 10-11-ум як бори дигар беморӣ хурўҷ мекунад, вале нисбат ба рўзҳои аввал каме сабуктар. Ва пас сз он ҳамаи аломатҳои беморӣ бартараф мешаванд. Барангезандаи зуком вирус аст, бемориҳои роҳи нафас бошанд вирусӣ нестанд. Зуком гузаранда аст. Ҳангоми гирифторӣ ба зуком сулфаи  балғамдор пайдо мешавад, ҳангоми бемориҳои шадиди роҳи нафас бошад аксаран сулфаи хушк ба назар мерасад.

Зуком бо кадом роҳҳо мегузарад ва чӣ тавр онро пешгирӣ кардан мумкин аст?

Агар бемори гирифтори зуком худро нағз нигоҳубин кунад,  дар давоми 7 рўз бемориаш мегузарад. Зуком бо роҳи қатраӣ-ҳавоӣ аз нафари бемор ба каси сиҳат мегузарад. Аз ин хотир аз рўзи аввал нўшокиҳои гарм, чун чой, чой бо лимў ва асал, бо мураббо, нўшоба аз гиёҳҳои шифобахш (гвоздика, коланхоэ, душица) метавонад пеши роҳи ин бемориҳоро гирад. Ҳамчунин ба оби гарми хокаи ҳардал (горчица)дошта то 10-15 дақиқа доштани дасту пойҳо манфиатбахш аст. Истеъмоли чои хунук ё нўшобаҳои хунуки дигар сабабгори гирифтор шудан ба бемориҳои вазнинтаре, чун илтиҳоби шуш, атити шадид (дарди гўш) ва гайморит шуда метавонанд. Аз ин рў ҳамаи нўшокиҳоро дар шакли гарм истеъмол намудан лозим аст.

Вақти гирифторӣ ба зуком чӣ бояд кард?

Агар ҳарорати бадан то 37,5 дараҷа бошад худи ҷисми инсон бояд бо он мубориза барад. Агар ҳамин нишондодро мо ба таври сунъӣ паст кунем рафта-рафта ҷисм ба он одат мекунад ва минбаъд низ наметавонад бо  он мубориза барад. Дар ин ҳолат агар ба бадани бемор маҳлули спирту обро омехта молед табро паст мекунад. Дар ҳолати аз 37,5 боло рафтани таби бадан доруи паратсетамол ё дигар доруҳои дар таркибашон паратсетамолдошта барои кўдакон ба миқдори 0,2 ва барои калонсолон ба миқдори 0,5 дар як рўз 3 маротиба тавсия дода мешавад.  Барои кўдакон бештар кислотаи аскарбин ва витамини ревит, тавсия дода мешавад.  Бештар ҳангоми пайдоиши зуком, ки барангезандааш вируси навъи А мебошад  доруи ремантадинро тавсия додан мумкин аст. Онро дар рўзи аввал 100 миллиграмм се маротиба, рўзи дуввуму сеюм 100 мл. ду маротиба, ва дар рўзҳои 4-5-ум ба миқдори 100 мл. рўзе як маротиба истеъмол кардан мумкин аст. Барои пешгирии зуком бошад дар муддати то 2 ҳафта рўзе 50 миллиграмӣ тавсия дода мешавад. Барои сари вақт паст кардани таби кўдакон шамъчаҳои табобатии виферон низ кўмак мерасонанд.

Дар ибтидо истифодаи ҳаби аннаферон зукомро хуб пешгирӣ намуда, онро сари вақт бартараф месозад. Ба хусус барои кўдакон хеле муфид аст. Дар рўзи аввали беморӣ онро 8 маротиба ҳар ду соат  додан мумкин аст. Ҳар ҳаби онро   15-30 дақиқа пеш аз хўрок ё ним соат пас аз он истеъмол кардан лозим аст. Аз рўзи дуюм то пурра шифо ёфтан бошад рўзе 3 маротиба  тавсия дода мешавад.

Барои  маслиҳатҳоятон ташаккур!

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 2
  • 242
  • 491
  • 63,021